Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар ҳамлаҳо дар Туркия


Полис баъд аз ҳамла ба консулгарии ИМА дар Истамбул
Полис баъд аз ҳамла ба консулгарии ИМА дар Истамбул

Дар ҳамлаҳои алоҳида ба нерӯҳои амниятии Туркия, ки рӯзи душанбе сурат гирифтанд, дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора расонаҳои туркӣ рӯзи 11 август хабар дода навиштанд, ки ин ҳамлаҳо расо ду ҳафта баъд аз тасмими Анқара барои зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯёни гурӯҳи «Гурӯҳи исломӣ» ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон дар Сурия ва шимоли Ироқ ба вуқӯъ пайвастанд. Телевизиони CNN Turk хабар дод: ки ҳамзамон бо шурӯи зарбаҳои ҳавоӣ нерӯҳои амниятӣ дар дохили Туркия беш аз 800 нафарро бо гумони робита бо ҲКК дастгир намуданд.

Дар шаҳри Истамбул рӯзи 10 август як мошини ҳомили маводи тарканда дар канори қароргоҳи полис мунфаҷир шуд. Дафтари шаҳрдори Истамбул рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар ин ҳодиса яке аз ҳамлагарон кушта шуд, ду нафари дигар ва як корманди полис дар тирандозӣ баъд аз таркиш ба ҳалокат расиданд.

Дирӯз ҳамчунин ду зан сӯи консулгарии ИМА дар Истамбул оташ кушоданд ва аммо дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол хушунат миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи Туркия шиддат мегирад. Дар Силопӣ аз таркиши зиреҳпӯш чаҳор тан аз кормандони полиси турк ҷон бохтанд. Як сарбоз аз тирборони мусаллаҳони курд ба чархболи низомӣ дар Симак ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG