Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари раисиҷумҳури пешини Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ ба иҷрои ҳукми додгоҳ шурӯъ намуд.

Маҳдӣ Ҳошимӣ, ки бо иттиҳоми содир кардани ҷиноёти молиявӣ, аз ҷумла, сарфи маблағи буҷа ва нақзи амният ба даҳ соли маҳбас маҳкум шудааст, рӯзи 9 август муқими зиндони Эвини Теҳрон шуд.

Ӯ дар канори маҳбас ба хабарнигорон гуфт, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Мурофиаи додгоҳии Маҳдӣ Ҳошимӣ пушти дарҳои баста баргузор шуда буд. Ӯ талаб кард, ки ин мурофиа ба таври комил аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шавад.

Ҳошимӣ, ки асосан дар таҳрик додани эътирозҳо баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ дар соли 2009 айбдор мешавад, се сол пеш баъд аз бозгашт аз Бритониё дастгир шуд.

Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, ки аз соли 1989 то соли 1997 раисиҷумҳури Эрон буд, ҳадс задааст, мақомот бо эълони иттиҳом алайҳи писараш болои худи ӯ фишор оварданианд.

XS
SM
MD
LG