Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: ИМА барои ҳамкорӣ бо Димишқ омода нест


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ки Амрико барои ворид кардани ҳукумати Сурия ба барномаҳои байнулмилалии муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳанӯз омада нест.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия-1”, рӯзи 9 август ӯ гуфт, пешниҳоди раисиҷумҳур Владимир Путин дар бораи ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо ситезаҷёӯнро дар мулоқоти ахираш бо вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ дар Қатар баррасӣ намуд. Ба гуфтаи Лавров, ӯ ба Керрӣ гуфт, ки дар сурати сари мизи музокирот даъват кардани артиши Сурия шояд ҳалли мушкил осонтар шавад. Мутаассифона, амрикоиҳо ба ин омода нестанд, изҳор намуд вазири умури хориҷии Русия.

Сергей Лавров аз тасмими Вошингтон барои кӯмак ба нерӯҳои мухолифи ҳукумати Димишқ аз тариқи зарбаҳои ҳавоӣ изҳори нороҳатӣ кардааст. Дар сӯҳбат бо Ҷон Керрӣ ӯ ин тасмимро “иштибоҳи ҷиддӣ” номида гуфтааст, куштори мардуми осоишта дар ин зарбаҳо вазъро то ҳадде ноором хоҳад кард, ки баъдан касе тавони идораи онро нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG