Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги хабарнигор баъди латукӯб дар Боку


Расим Алиев

Расим Алиев

Хабарнигори озарӣ Расим Алиев, ки як рӯз пеш мавриди ҳамла қарор гирифта буд, бар асари ҷароҳатҳои вазнин рӯзи 9 август аз олам даргузашт. Ӯ шоми шанбе аз сӯи пайвандони бозингари дастаи футболи маҳаллии “Габала” Ҷовид Ҳусейнов шадидан латукӯб шуда ба бемористони клиникии рақами яки шаҳри Боку интиқол ёфта буд.

Бар пояи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Расим Алиевро барои он латукӯб карданд, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук футболбозро танқид карда буд. Гуфта мешавад, Расим Алиев футболбозро барои он танқид кард, ки ӯ баъд аз як бозӣ дар Қибрис парчами Туркияро болои сар боло кард ва ба саволи хабарнигори қибрисӣ дар ин бора посухи ҳақоратомез дод. Расим Алиев навишт, ки ин гуна афроди дур аз фарҳанг набояд футболи Озарбойҷонро дар Аврупо муаррифӣ кунанд.

Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.

Ин аввалин ҳодисаи марги хабарнигори озарӣ баъд аз латукӯб нест. Ба навиштаи сомонаи “Кавказскйи узел”, 2 марти соли равон сардабири нашрияи “Монитор” Элмар Ҳусейнов дар остонаи манзилаш аз сӯи афроди ношинос кушта шуд. Раисиҷумҳур Илҳом Алиев ин кушторро маҳкум карда, ваъда дода буд, ки муҷримон ба зудӣ ҷазо мегиранд. Аммо қотилони хабарнигор то ҳол боздошт ва муҷозот нашудаанд.

XS
SM
MD
LG