Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамидуллин аз сӯи ҳайати мунсифа айбдор шуд


Ҳайати мунсифаи Амрико афсари пешини артиши шӯравӣ Ирек Ҳамидуллинро дар раҳбарӣ ба ҳамлаи толибон ба нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар соли 2009 айбдор хонд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Ричмонди аёлати Вирҷиния рӯзи ҷумъа Ирек Ҳамидуллин аз рӯи 15 иттиҳом, аз ҷумла, “кӯмаки моддӣ ба террористҳо” муттаҳам шуд. Ҳайати мунсифа хулосаи худро баъд аз панҷ рӯзи бозпурсии шоҳидон ва ҳашт соати баррасиҳо эълон кард.

Ба Ҳамидуллин ҳабси абад таҳдид мекунад. Ӯ гуноҳи худро иқрор накард ва аммо дар дифоъ аз худаш ҳам чизе нагуфт.

Қарор аст, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 6 ноябр эълон шавад.

Ирек Ҳамидуллин, танкисти собиқ, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ дар солҳои 80-ум дар Афғонистон монд ва ба ҷунбиши “Толибон” пайваст. Ӯ соли 2009 баъди ҳамла ба хадамоти марзбонии Афғонистон ва низомиёни амрикоӣ ба асорат афтод.

Қабл аз истирдод ба ИМА Ирек Ҳамидуллин панҷ сол дар маҳбаси пойгоҳи низомии Баграм нигаҳ дошта мешуд.

XS
SM
MD
LG