Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи видеои додгоҳ дар пойгоҳи 201


Афсарони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар додгоҳи ду сарбози ин пойгоҳ, ки ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд, хабарнигорони Бахши тоҷикии Радиои Озодиро ҳадафи ҳамлаҳои лафзӣ қарор дода, наворҳои видеоии онҳоро аз ҷараёни додгоҳ мусодира карданд. Сарҳанги пойгоҳи 201-и Русия Перепелится хабарнигорони Радиои Озодиро айбдор кард, ки дар бораи ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ахбори беобрӯкунанда ба нашр мерасонанд ва бо мусодираи наворҳои видео гуфт, ин наворҳо пас аз тафтиш ва ризоияти Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ ба хабарнигорон баргардонида мешаванд. Пас аз наздик ба 1 соат навори видеои хабарнигорони Озодӣ барояшон баргардонида шуд, вале як қисми онро пок карда буданд.

XS
SM
MD
LG