Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 88 шӯришӣ кушта шудааст


Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон субҳи 5 август гуфт, ки дар давоми 24 соати охир дар амалиёти зиддитеррористӣ дар саросари кишвар 88 “шӯришии мусаллаҳ” кушта шудаанд.

Дар изҳороти вазорати корҳои дохила гуфта мешавад, ки ин амалиётро нируҳои артиши милии Афғонистон ва Раёсати амнияти миллии ин кишвар дар манотиқи шарқиву шимолӣ ва ғарбиву ҷанубӣ анҷом медиҳанд.

Бино ба хабари ин сарчашма, амалиёт дар вилоятҳои Нангарҳору Лағмон, Парвон, Майдон Вардак, Ғазнӣ, Тахор, Қундуз, Форёб, Сари Пул, Балх, Зобул, Урузгон, Хуст, Пактиё ва Ҳилманд баргузор шудааст.

Ҳазрат Ҳусейн Машриқвол-сухангӯи пулиси вилояти Нангарҳор гуфт, 4 август дар ин вилоят 60 нафар тундравҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи вай, ононе ки кушта шудаанд, аъзои гурӯҳи Толибон ва ё ҷангандаҳои хориҷӣ будаанд, ки ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG