Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи арзони Туркманистон ба Қирғизистон


Алмосбек Атамбоев
Алмосбек Атамбоев

Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, Туркманистон омода аст, ки бо нархи хеле арзон ба Қирғизистон барқ диҳад, ба шарти ин ки Узбакистон барои транзити барқ тавассути қаламраваш розӣ шавад.

Ин масъала дар музокирот бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон 5 август дар шаҳри Бишкек баррасӣ шуд.

Соли 2014 Қирғизистон гуфта буд, ки мизони интиқоли барқ аз Туркманистон 700 миллион кВт дар соатро ташкил хоҳад дод ва он тадриҷан ба 1,4 миллиард расонда мешавад.

Атамбоев гуфтааст, ки ҳоло масъалаи транзит бо Узбакистон ҳал нашудааст, вале дар оянда умед аст, ки ҳали худро меёбад.

Дар поёни музокироти ду раиси ҷумҳур 15 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

XS
SM
MD
LG