Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушунид дар маҳалли муноқишаи Чоркӯҳ


Муртазо Олимов, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Исфара субҳи 5 август ба радиои Озодӣ гуфт, шаб дар минтақаи низоъ миёни аҳли деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон ором гузашта, ҳоло сокинони ҳарду ҷониб мунтазири натиҷаи гуфтушуниди ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Қирғизистонанд. Вай гуфт ин мулоқот дар маҳалли муноқиша дар деҳаи Сомониён бо омадани намояндагони ҷониби Қирғизистон дар соати 14 00 оғоз мешавад. “Феълан корҳои барои кашидани лулаи об аз дарёи Исфара ба ин деҳа мутавақиф карда шуд ва мебинем,ки натиҷаи ин мулоқот чӣ хоҳад шуд” афзуд Муртазо Олимов муовини раиси ҳукумати ноҳияи Исфара. Дар ҳамин ҳол аз раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон хабар доданд,ки ҳайати ҷониби Тоҷикистон таҳти раёсати муовини фармондеҳи неруҳои марзбонӣ генерал Раҷабалӣ Пираков дар ин музокирот ширкат хоҳад кард. Абдухалил Шарифов муовини раиси ҷамоати Чоркуҳ мегуяд, дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Сомониён намояндагони ҷамоатҳо ҳамроҳи муовини сардори раёсати корҳои дохилаи Суғд Ҳотам Дадаҷонов манзилҳои тахрибшуда бар асари сангандозиҳои дурузи ахирро хабар гирифта истодаанд. Вай мегуяд баъди мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб зарари ворида ба манзилҳои зист шумурда мешавад

XS
SM
MD
LG