Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Ҷамъияти ношунавоҳо дар Додгоҳи олӣ


Баҳс дар Ҷамъияти ношунавоҳои Тоҷикистон сари масъалаи раҳбари ин иттиҳодия ба Додгоҳи олӣ кашонда шуд. Насим Бойматов собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти карҳои Тоҷикистон рӯзи 30 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ӯро ғайриқонунӣ барканор кардаанд ва Додгоҳи ноҳияи Сино ин барканориро қонунӣ кардааст. Азбаски Додгоҳи ноҳияи Сино бо вуҷуди аризаи Бойматон ҳукмро бетағйир гузошт, баҳс акнун дар Додгоҳи олӣ идома мекунад. Маҳмадулло Сафолов раиси корхонаи Ҷамъияти карҳои Тоҷикистон гуфт, азбаски дар пленуми моҳи марти соли 2013 Насим Бойматов иштибоҳан иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти карҳо интихоб шуд, Додгоҳи Сино бо ҳалномаи худ интихоби ӯ ғақриқонунӣ донист ва ҷамъият дар тӯли се соли охир амалан раҳбар надорад. Додраси пешини додгоҳи Синои пойтахт Сулаймон Қосимов гуфт, ки се сол қабл ин масъала ба таври комил баррасӣ ва ҳукми додгоҳ бароварда шудааст. Ҷамъияти ношунавоҳои Тоҷикистон зиёда аз 5000 узв дошта, дар чаҳор корхонаи он либоси ҳарбӣ, рахти хоб, пойафзол, абзори мактабӣ ва маҳсулоти дигар тавлид мешавад.

XS
SM
MD
LG