Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як ҷавон дар муноқишаи Рӯшон


Бар асари муноқишаи гурӯҳӣ миёни ҷавонон дар деҳаи Вамар -- маркази ноҳияи Рӯшон, як нафар кушта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, як ронандаи мусофирбар аз деҳаи Баррӯшон ба маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар омада ва бо ҷавонони инҷо вориди баҳсу муноқишаи лафзӣ мешавад, ки дар натиҷа ҷавонон ӯро латукӯб мекунанд. Манбаъи Озодӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, вақте гурӯҳи ҷавонон ин ронандаро бо духтари маҳалли худ мебинанд, аз ин норозигӣ мекунанд ва муноқишаи лафзии онҳо ба задухӯрд мепечад.

Баъд аз ин ҳодиса ронанда ба манзилаш рафта бо туфангча бармегардад ва ба пешонии Бадавлат Хушбахтзода, ки яке аз латукӯбгарон будааст, тир холӣ мекунад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба гуфтаи манбаъ, маросими ҷаноза ва ба хоксупории Бадавлат Хушбахтзода имрӯз баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG