Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёнда шудани зиёда аз 1 млн рубли муҳоҷирон


Бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия зиёда аз 1 миллион рубл қарзи пардохтнашудаи ширкатҳои кордиҳанда барои муҳоҷирон рӯёнда шуд. Сухангӯи ин ниҳод дар Маскав Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, ду гурӯҳ аз муҳоҷирон, ки дар Екатеринбург ва Маскав кор мекарданд, чандин моҳ дастмузди худро гирифта натавонистаанд. Баъд аз муроҷиати ин муҳоҷирон ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва мудохилаи ин ниҳод музди муҳоҷирон рӯёнда шудааст. Ба ақидаи масъулони ин ниҳод бӯҳрони Русия сабаб гаштааст, ки кордиҳандагон дар ин кишвар натавонистаанд, дастмузди муҳоҷиронро сари вақт ба онҳо расонанд. Ҷаноби Аҳмадов таъкид мекунад, ки муҳоҷирон дар чунин ҳолат акнун на бештар ба миёнаравони шубҳаовар, балки ниҳоди марбутаи давлати Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG