Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувоздаҳ зани тоҷик дар Сурия ва Ироқ будаанд


Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, то кунун 12 зану духтари тоҷик барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқ ва Сурия рафтаанд. Хидирзода 24 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ин иттилои охир буда, пеш аз баргузории нишасти матбуотӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ гирифтаанд. Ӯ гуфт, бархе аз ин занон танҳо ва баъзеи дигар бо ҳамсар ва фарзандони худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди панҷсад сокини Тоҷикистон ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги беш аз сад нафари онҳо расидааст. Ба қавли мақомот дар миёни ҷангиён занону кӯдакон, мардон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои кишвар ва хориҷӣ ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG