Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи якҷояи Обама ва Эрдуғон алайҳи ДОИШ


Обама ва Эрдуғон, акс аз бойгонӣ, 16 маи 2013
Обама ва Эрдуғон, акс аз бойгонӣ, 16 маи 2013

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, Барак Обама ва Реҷеп Тайип Эрдуғон-раисони ҷумҳури Амрикову Туркия ба тавофуқ расиданд, ки аз убури тундравҳои исломӣ тавассути марзи Туркия ба Сурияву Ироқ барои пайвастан ба сафи нируҳои “Давлати Исломӣ” ҳамроҳ мубориза хоҳанд кард.

Ин ду раҳбар дар гуфтугӯи телефонии худ 22 июл ҳамчунин машварат карданд, ки ҳамкориҳои худро барои мубориза бар зидди “Давлати Исломӣ” тақвият хоҳанд дод.

Ҳазорон нафар афроде, ки аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико барои пайвастан ба сафи нируҳои “Давлати Исломӣ” ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз қаламрави Туркия гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG