Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як сокини Шуғнон бар асари сели шадид


АМИТ «Ховар» рӯзи 23 июл хабар дод, ки марде аз ноҳияи Шуғнон бар асари сели шадид ҷони худро аз даст дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин мард ронандаи мошини тамғаи «трайлер» ҳангоми убур аз селоба ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини яке аз рустоҳои зери селмондаи ноҳияи Шуғнон буд ва ин сел хонаашро низ аз байн бурда буд. Бинобар ин талош мекард, то худро зудтар ба хона, ба назди фарзандони бесарпаноҳаш расонад, менависад оҷонсӣ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мақомоти роҳсозии ноҳияи Ванҷ, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ, ки ду рӯз пеш бар асари ҷорӣ шудани сел дар мавзеи Бунигаи ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ масдуд гардид, бо кумаки роҳсозони муассисаи нигаҳдории роҳҳои ВМКБ дубора фаъол гашт. Ба гуфтаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Миралӣ Ҳалимов дар давоми ду рӯзи баста шудани роҳ бештар аз 100 мошини мусофирбару боркаш, ки барои осебдидагони офати табиӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар ду тарафи роҳ банд монда буданд.

XS
SM
MD
LG