Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас барои қабули ҳукми Зайд Саидов ба хонаи машваратӣ меравад


Рӯзи панҷшанбеи 23 июл Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтиномнашудаи "Тоҷикистони нав" дар додгоҳ сухани охирини худро ироа мекунад ва баъди ин додраси Додгоҳи олӣ барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад. Додгоҳи Олӣ дар мурофиа пушти дарҳои баста дар толори СИЗо ё Боздоштгоҳи миуваққати шаҳри Душанбе парвандаи дуюми Зайд Саидовро аз рӯи иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷат, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз баррасӣ кард. Аммо Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз сухани охирини зерҳимояаш шунида мешавад ва пас аз он додгоҳ ба хонаи машраватӣ хоҳад рафт.

Ба гуфтаи ҷаноби Табаров, эҳтимол дорад, ҳукм нисбати Зайд Сайидов аз рӯи парванди дуюмаш зарфи 10–15 рӯзи оянда эълон шавад. Рӯзи 21 июл Зайд Саидов дар як радду бадале бо айбдоркунандаи давлатӣ тамоми иттиҳомоти воридаро зидди худ рад кард, онро ноодилона ва сохташуда унвон карда ва аз додрас хост, ки аз рӯи адолат ва инсоф бархӯрд кунад.

Зайд Саидов, ки моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд ва ҳоло аз рӯи парвандаи дуюмаш ба ӯ бо талаби айбдоркунандаи давлатӣ 25 соли ҳабс ва 34 миллион сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Ин парвандаи Зайд Саидов ҳам аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG