Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи дастгоҳи президенти Қирғизистон боздошт шуд


Дониёр Норимбоев
Дониёр Норимбоев

Раҳбари собиқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Дониёр Норимбоев рӯзи 22 июл дар пайи бозпурсии ӯву вакили парлумон Ҳоҷимурод Коркмазов боздошт шуд. Коркмазов ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми гирифтани 100 000 доллар пора аз хешовандони вакили собиқ Наримон Тулеев, ки соли 2013 бо ҷурми фасод маҳкум ба зиндон шудааст, дастгир шуда буд.

Норимбоев ба фасод, ришвахорӣ ва сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад. Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев Норимбоевро рӯзи 20 июл, 5 рӯз баъди боздошти Коркмазов аз мақоми раҳбари дастгоҳаш сабукдӯш карда буд. Дониёр Норимбоев гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва боздошташро “талоши хароб кардани обрӯи ҳукумат” унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG