Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Русия ба манъи воридоти лолаҳои ҳолландӣ


Идораи “Росселхознадзор”-и Русия рӯзи 21 июл гулҳои ҳолландиро “таҳдид” ба ин кишвар ба қалам дода, гуфт, метавонад воридоти гулҳо аз ин кишвар, бо шумули лолаҳои маъруфи ҳолландиро манъ кунад. Ин иқдом дар ҳоле эълон шуд, ки равобити Маскав бо Ҳолланд дар як нуқтаи хеле пойин қарор гирифтааст. Мақомоти Русия аммо вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ ваё талоши муҷозоти Ҳолланд барои пайвастанаш ба таҳримоти Аврупо алайҳи Русия ва гумонбари аслӣ дар суқути як сол пеши ҳавопаймои мусофирбари Малайзия шинохтани ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина дар ин тасмими ахирашро рад мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия Владимир Путин дар посух ба савол дар бораи то куҷо рабт доштани қарори манъи воридоти лолаҳои Ҳолланд бо ташаббуси Ҳолланд барои ташкили додгоҳи байналмилалӣ барои баррасии қазияи суқути ҳавопаймо гуфт, “ ин масъала марбут ба Кремл нест. Ман тарафдори онҳое нест, ки масоилро сиёсӣ мекунанд.” Ҳавопаймои Малайзия бо 298 мусофир, ки аксараш аз Ҳолланд буданд, рӯзи 17 июли соли 2014 дар шарқи Украина зада шуд.

XS
SM
MD
LG