Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сентсов: "Ман ин додгоҳро эътироф намекунам!"


Дар додгоҳи низомии минтақаи Қафқоз дар шаҳри Ростови соҳили Дони Русия рӯзи 21 июл мурофиаи додгоҳии таҳиягари украинӣ Олеҳ Сентсов ва як тан аз ҳамроҳони ӯ Олександр Колченко шурӯъ шуд. Онҳо дар ташкили гурӯҳи террористӣ ва таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар нимҷазираи Қрим айбдор мешаванд.

Таҳиягари шинохта ва ва се нафари дигар - Олександр Колченко, Олексий Черний ва Геннадий Афанасев 10 майи соли 2014 аз сӯи кормандони амниятии Русия дастгир шуда буданд. Черний ва Афанасев аллакай бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ба 7 солии маҳбас маҳкум шудаанд. Бар пояи хабарҳо, ба Олеҳ Сентсов 20 соли маҳбас таҳдид мекунад.

Олеҳ Сентсов дар ибтидои мурофиа дар шаҳри Ростови соҳили Дон гуфт, ки додгоҳро эътироф намекунад. Ӯ иттиҳомро қатъӣ рад кард ва гуфт, ки он тақаллубист ва ангезаи сиёсӣ дорад. Аз ин пеш Сентсов гуфта буд, ки ӯро барои ширкат дар эътирозҳо дар Майдони Киев ва талошҳои дар ихтиёри Украина боқӣ мондани Қрим муҷозот карданианд.

Аҳли хонаводаи таҳиягари шинохта – ҳамсар ва ду фарзанди наврас, ки яке аз онҳо ба маризии аутизм гирифтор аст, дар нимҷазираи Қрим зиндагӣ мекунанд.

Аз Олеҳ Сентсов даҳҳо таҳиягарони маъруфи синамои олам, аз ҷумла, Никита Михалков, шахси наздик ба Владимир Путин ва ҳазорон фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиву ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кишварҳои гуногуни олам дифоъ мекунанд. Украина Сентсовро маҳбуси сиёсӣ эълон кард ва аз Русия хост, ки ӯро фавран озод намояд.

XS
SM
MD
LG