Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон сафири Амрикоро ба вазорат эҳзор кард


Азимҷон Аскаров

Азимҷон Аскаров

Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон Ричард Майлз-кафили сафорати Амрико дар Бишкекро ба вазорат эҳзор кард, то бар зидди тасмими ваазорати корҳои хориҷаи Амрико эътироз кунад. Ин вазорат ба як ҳомии ҳуқуқи башар, ки дар зиндон ба сар мебарад, ҷоизаи муътабар додааст.

17 июл ҳукумати Қирғизистон дар изҳороте гуфт, ки мехоҳад ба таври якҷониба қарордоди соли 1993 дар бораи ҳамкориҳои миёни Қирғизистон ва Амрикоро бекор кунад.

Як рӯз пеш писари Азимҷон Аскаров ба ҷои падараш дар вазорати корҳои хориҷаи Амрико ҷоизаи ҳомии ҳуқуқи башар барои соли 2014-ро гирифт.

Аскаров барои созмон додани муноқишаҳои маргбори миёни узбактаборон ва қирғизтаборон дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Вай инкор мекунад, ки ҳеҷ кори нодуруст накардааст ва парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG