Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Амрико раъйпурсии сербҳоро иғвои сиёсӣ номид


Милорад Додик дар расми ифтитоҳи муҷассамаи Гаврило Принсип, яке аз омилони оғози ҷанги якуми ҷаҳон

Милорад Додик дар расми ифтитоҳи муҷассамаи Гаврило Принсип, яке аз омилони оғози ҷанги якуми ҷаҳон

Сафорати Амрико дар Сараево билофосила райъпурсии сербҳои Боснияро ҳамчун амали “нирӯҳои фосид” маҳкум кард ва ҳушдор дод, ки метавонад алайҳи “онҳое ки дар эҷоди ин иғвои сиёсӣ даст доранд”, иқдом кунад.

Вакилони парлумони минтақаи мухтори сербҳои Босния рӯзи 15 июл ҷиҳати баргузории як райъпурсӣ пиромуни салоҳияти додгоҳи миллӣ бар ин минтақа овоз доданд. Дар Ғарб ин иқдомро ба чолиш кашондани якпорчагии Босния меноманд. Як каме бештар аз нисфи вакилон аз пешниҳоди Милорад Додик, раисиҷумҳури Ҷумҳурии сербҳои Босния пуштибонӣ карданд. Додич дар инр авохир ҳарчӣ фаъолтар аз таҷзияи Босния баъди 20 соли ҷанги шаҳрвандиаш ҳимоят мекунад. Овоздиҳӣ як рӯз баъд аз ҳушдори дипломатҳои аршади ИА ва Амрико ба раҳбарони сербҳо буд, ки гуфтанд, райъпурсии пешниҳодшуда “таҳдиди мустақим ба истиқлол ва амнияти Босния буда, ғайри қобили қабул мебошад.” Ҳизби ҳокими Додик дар моҳи апоел гуфта буд, агар ба ҷумҳурии сербҳо салоҳияти бештар надиҳанд, дар соли 2018 масъалаи ҷудо шудани ин минтақаро ба раъйпурсӣ хоҳанд гузошт. Қудрат дар Босния байни боснякҳои мусалмон, хорватҳои католик ва сербҳои православ тақсим шудааст. Додик дар парлумон дар тавҷеҳи тасмими раъйпурсӣ гуфт, додгоҳи миллии мустақар дар Сараево нисбат ба сербҳо муғризона амал мекунад.

XS
SM
MD
LG