Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Рамазон 17 июл таҷлил мешавад


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки Иди Фитр ё Рамазон 17 июл таҷлил мешавад. Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 13 июли Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар гирифта шудааст. Имсол сокинони мусулмони Тоҷикистонро моҳи Рамазонро 18 июн сар карданд ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ гуфта буд, ки Рамазони имсола аз 29 рӯз иборат хоҳад буд. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, низ 9 июл зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки тибқи ҳисобҳои олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, моҳи Рамазон имсол 29 рӯз аст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд солшумории мо милодӣ, яъне офтобӣ аст, аммо олимони тоҷик ҷашнҳои мазҳабиро тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва бар асоси гардиши моҳтоб ҳисоб мекунанд. Ҷаноби Раҳимӣ рост омадани Иди Фитр ба 17 июлро ҳам ба 29 рӯз будани моҳи Рамазони имсола марбут донист.

XS
SM
MD
LG