Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раззоқ гуфт, номи гунаҳкоронро пайдо мекунанд


Мутахассисон ҷойи суқути пораи ҳавопайморо таҳқиқ мекунанд.
Мутахассисон ҷойи суқути пораи ҳавопайморо таҳқиқ мекунанд.

Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия гуфт, муфаттишони қазияи суқути ҳавопаймои мусофирбари кишвараш дар шарқи Украина “тақрибан номи гунаҳкоронро пайдо кардаанд”. Ӯ дар ин бора рӯзи 11-уми июл дар маросими якумин солгарди суқути ҳавопаймо дар шаҳри Куала-Лумпур сӯҳбат кард ва афзуд, “интизор меравад, ки таҳқиқи фалокат ҳадди аққал то охири соли 2015 анҷом ёбад.” Ҳавопаймои Боинги ширкати Малайзия Эйрлайнз бо 298 сарнишин рӯзи 17-уми июли соли 2014 дар шарқи Украина сарнагун шуд ва ба гуфтаи муфаттишон ҳавопайморо зоҳиран бо мушак задаанд. Малайзия, Австралия, Белгия ва Ҳолланд хостаанд, ки додгоҳи байналмилалие барои муҳокимаи гунаҳкоро ташкил шавад, вале Русия гуфтааст, ҳаргуна қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи таъсиси ин гуна додгоҳро қабул намекунад. Ҳавопаймо, ки аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард, дар фазои минтақае сарнагун шуд, ки нерӯҳои давлатӣ бо ҷудоиталабони тарафдори Русия меҷанганд. Украина мегӯяд, ҳавопайморо ҷудоиталабон бо мушаки русӣ заданд, вале Русия мегӯяд, нерӯҳои Украина ҳавопайморо суқут додаанд.

XS
SM
MD
LG