Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба куштори Борис Немтсов тирамоҳи соли 2014 оғоз ёфтааст, вале фармоиш барои аз байн бурдани ин сиёсатмадори мухолифи Русия мумкин аст тобистон шуруъ шуда бошад. Дар ин бора як шахси наздик ба парванда ба матбуоти Русия хабар додааст.

Сарчашмаҳои дигари наздик ба хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, далелҳое вуҷуд дорад, ки омодагӣ ба куштор моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 оғоз ёфтааст.

Ин гуфтаҳоро санаи харидории мошин, иҷораи хона ва наворҳои камераҳои назоратии назди хонаи Немцов собит месозад. Вадим Прохоров-вакили мудофеи Намтсов ин гуфтаҳоро таъйид кардааст.

Ба ҳамин далел иддао дар бораи суханони шадиди Немтсов дар бораи ислом аз миён меравад. Пештар ин иддаоро матраҳ карда буданд, ки гӯё баъд аз ҳамла ба маҷаллаи фаронсавии«Шарли Эбдо» Немтсов дар ҳақи ислом суханони бад гуфтааст ва ҳамин гуфтаҳо сабаби куштораш шудааст.

Немтсов 27 феврали соли ҷорӣ кушта шуд ва дар робита бо ин қатл 5 нафар боздошт шудаанд. Яке аз онҳо Заур Дадаев қотили эҳтимолӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG