Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҷангиён ба як иншооти амниятӣ дар Кобул


Акс аз маҳалли ҳамлаи маргталабона дар Кобул

Акс аз маҳалли ҳамлаи маргталабона дар Кобул

Афроди мусаллаҳ рӯзи 7 июл ба як бино дар шарқи Кобул ҳамла оварданд. Мақомот мегӯянд, то зӯҳри рӯз набард бо ин ҷангиён дар наздикии як иншооте, ки аз сӯи хадамоти амнияти Афғонистон истифода мешуд, ҳанӯз идома дошт. Ин ҳамла ҳамагӣ чанд соат баъд аз ҳамлаи маргталабона бо мошини бомбгузоришуда алайҳи як корвони нирӯҳои НАТО-ст, ки субҳи 7 июл рух дод. Сухангӯи пулис Ибодуллоҳ Каримӣ гуфт, дар ин ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Шоҳи Шаҳиди Кобул 3 нафар, бо шумули дастикам як нафари мулкӣ ва ронандаи мошини зиреҳпӯши нирӯҳои хориҷӣ ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG