Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон як корманди додситонии шаҳри Норакро бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир кардааст. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Оҷонсӣ, муфаттиши калони додситонии Норак бо истифода аз мансаб аз «О» - падари шаҳрванд «А», ки ба латукӯб ва ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур кардани «Б»- айбдор мешуд, 5000 доллар пора талаб кардааст. Бино ба ин манбаъ, ин корманди додситонӣ «рӯзҳои 16-17 июни соли 2015 дар утоқи кории худ, дар ду маврид маблағҳои 500 доллари ИМА, 500 сомонӣ, 3000 рубли Федератсияи Россия, 100 доллари ИМА ва 1200 сомониро аз шаҳрванд “О” ба сифати пора шахсан гирифта, оварда ба ӯ додани боқимонда маблағро талаб намудааст.» Аммо рӯзи 18 июн ӯ «баъди гирифтани маблағи пулии 1000 доллари ИМА, аз шаҳрванд “О” аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгир карда шуд». Исми муфаттиши боздоштшуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, алайҳи ин корманди додситонии Норак бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG