Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Порис ба таъқиб аз сӯи ИМА


Хадамоти амниятии ИМА ба сӯҳбатҳои се раҳбари Фаронса гӯш медод
Хадамоти амниятии ИМА ба сӯҳбатҳои се раҳбари Фаронса гӯш медод

Фаронса пинҳонӣ гӯш кардани гуфтугӯҳои раисиҷумҳур аз сӯи хадамоти амниятии Амрикоро “ғайри қобили қабул дар робитаи байни ҳампаймонҳо” номид. Дар ин бора намояндаи ҳукумати Фаронса Стефан Ле Фол рӯзи 24 июн баъд аз ҷаласаи фаврӣ дар ҳузури раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд хабар дод.

Шоми сешанбе сомонаи WikiLeaks ҳамроҳ бо нашрияи Liberation ва сомонаи Mediapart аснодеро нашр кард, ки дар онҳо гуфта шудааст, Оҷонси амнияти миллии ИМА аз соли 2006 то моҳи майи соли 2012 гуфтугӯҳои телефонӣ ва мукобитаи электронии сарони Фаронса Франсуа Ҳолланд, Николя Саркозӣ ва Жак Ширакро назорат мекард.

Дар ин матлаб рақамҳои телефонҳои мобилии бисёр мансабдорони ҳукуматӣ, аз ҷумла, раисиҷумҳур, нашр шудаанд. Хабарнигорон ҳамчунин мӯҳтавои гуфтугӯҳо миёни мақомоти расмии Фаронса дар бораи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бӯҳрони қарзи Юнон, робитаи байни дафтари раисиҷумҳури Фаронса ва ҳукумати Олмонро низ овардаанд.

Кохи Сафед аз шарҳи ин хабар сарпечӣ кард ва таъкид намуд, ки хадамоти вижаи Амрико ба таъқиб фақат ба хотири таъмини амнияти миллии ИМА кор мегирад.

XS
SM
MD
LG