Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонкҳову тӯпҳои Амрико дар Балтика ҷойгир мешаванд


Эштон Картер-вазири дифои Амрико мегӯяд, Вашингтон тонкҳову тупхона ва таҷҳизоти низомии худро дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ҷойгир хоҳад кард, то ҳампаймонҳои НАТО баъд аз таҷовузи Русия ба Украина нигарон набошанд.

Картер дар ҷараёни боздидаш аз Таллин-пойтахти Эстония 23 июн гуфт, кишварҳои каронаи Балтик, яъне Эстонияву Латвия ва Литва ва ҳамчунин Булғористону Руминия ва Полша розӣ шудаанд, ки баъзе аз ин таҷҳизоту аслиҳаи низомӣ дар кишвари онҳо ҷой дода шавад. Дар Олмон низ баъзе таҷҳизоти низомӣ ҷойгир мешавад.

Ин таҷҳизоту аслиҳа аз 250 тонк ва мошинҳои ҷангии Брадлӣ иборат хоҳад буд.

Як мақоми расмии вазорати дифои Русия гуфтааст, ки ҷойгир кардани техникаи ҷангии НАТО дар кишварҳои узви НАТО дар марзҳои Русия аз замони ҷанги сард то ҳол иқдоми хатарноки Амрико ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG