Пайвандҳои дастрасӣ

Айвоҷ гармтарин минтақаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳароратсанҷ дар он ҷо аз 52 то 55 дараҷаи гармиро нишон медиҳад. Аммо сокинонаш дар чунин гармои тоқатфарсо даст аз кори саҳро набардоштаанд.

Дар деҳкадаи Айвоҷ, гармтарин минтақаи Тоҷикистон, ки ҳароратсанҷ дар он 52 дараҷаро нишон медиҳад, мардум маъмулан ба кишоварзӣ машғуланд ва дар ҳоле ки меҳмонон аз манотиқи дигар аз гармо нафасгир мешаванд, бонуҳои айвоҷӣ бо назм дар саҳро каланд мезананд. Айвоҷ ҷамоате дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, аст, ки дар 250 километрии пойтахти Тоҷикситон ҷой дорад.

Дар Айвоҷ гармии ҳаво дар нимаи рӯз то 55 дараҷа баланд мешавад ва ҳарорати ҳаво шабона то 35 дараҷа поён мефарояд. Чойи кабуд, ки кишоварзон ҳамеша бо худ доранд, шояд дар ҳеч куҷо ба андозаи Айвоҷ қадр надошта бошад. Кишоварзон гоҳо худро ба зери буттаҳои аз нури офтоб зардшуда мезананду чойи кабудро нӯш мекунанд ва баъдан дубора ба саҳрои тафсон бармегарданд.

Кишоварзони айвоҷӣ барои ғизои нисфирӯзӣ ба хонаҳои худ намераванд, онҳо бо ҳам дар бошишгоҳи саҳроӣ ғизо мехӯранд. Майсара Исломова, зани 32-сола сокини деҳаи Айвоҷ, соати 5-и субҳ, дар ҳоле ки офтоб акнун аз паси кӯҳҳо сар бадар мекунад, ба саҳро меравад ва ба ҷӯякҳои пахта каланд мезанад. Ӯ нимаи рӯз ба хона бармегардад, то барои шавҳар ва бачаҳояш ғизо омода кунад ва корҳои хонаро анҷом диҳад.

Майсара мегӯяд, кор дар гармои тобистон дар пахтазор ҳатто барои онҳо, ки авлоду аҷдодашон бо гармои Айвоҷ хӯ гирифтаанд медонад, сангин аст, аммо меафзояд, ин "дузах"-ро ба биҳишти минтақаи дигар иваз кардан намехоҳад. Чун дар ин ҷо таваллуд шудааст ва бача таваллуд кардааст.

Майсара ду фарзанд дорад ва дар хонаи модаршӯяш зиндагӣ мекунад. Онҳо як оилаи бузурги 17-нафарӣ ҳастанд ва ҳамагӣ аз кори саҳро рӯз мегузаронанд. Онҳо аз кишту ҷамъоварии пахта пули зиёд намегиранд, аммо дар иваз бо ҳезум таъмин мешаванд.

Изатулло, Шавҳари Майсара, ки дар миёни замин пиёзашро ҷамъ оварда, ба соҳибкорони шаҳри Душанбе мефӯрухт, ба Радиои Озодӣ гуфт, даромади яксолаи хонаводаашон аз 20 гектар замин ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шояд Майсара Исломова хабар надорад, аммо дар замони Шӯравӣ мардуми ҷамоати онҳо ва баъзе манотиқи дигари вилояти Хатлон барои зиндагӣ дар гармои аз ҳад беш "коэфициент" ва ё музди иловагӣ мегирифтанд. Аммо бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин имтиёз ҳам суқут кард.

Нуриддин Садриддинов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус дар умури кишоварзӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ ҳақмузди иловагӣ дигар матраҳ нашуд. Занҳои кишоварз дар Айвоҷ, ба истиснои як миқдор пул дар авҷи чиниши пахта маъмулан маош намегиранд. Маоши онҳо ғӯзапоя ҳаст. Онҳое, ки дар сабзавотпарварӣ машғуланд, ба ивази маош меваву сабзавот дарёфт мекунанд.

Корҳои сангини саҳро, аз кишт то нарм кардани бехи ниҳол ва ҷамъоварии ҳосил, умдатан бар дӯши занону духтарон ва талабҳои мактаби Айвоҷ аст. Мардҳо корҳои сабуктари мисли обмонии ҷӯякҳо, ронандагию фурӯши маҳсулотро анҷом медиҳанд.

Санавбар Ҳақназарова 40 сол дорад. Ӯ муаллимаи мактаби миёнаи Айвоҷ аст, ки дар таътили тобистон дар саҳро кор мекунад, то дарзаҳои ғӯзапояро аз даст надиҳад. Ӯ аз соати 6-и саҳар то соати 11- рӯз чордаҳ ҷӯяи 300 метриро "чобуқ" кардааст. Санавбар 3 фарзанд дорад ва рӯзе, ки бо ӯ сӯҳбат мекардем, духтараш Низорамоҳи 15-сола ба модар кумак мекард.

Деҳкадаи Айвоҷ бо 7 ҳазор аҳолӣ, яке аз деҳаҳои бузурги ҷамоати деҳоти "Ҷӯра Назаров"-и ноҳияи Шаҳритус ба шумор меояд. Мардуми ин деҳкада худро "араб" ва ё авлоди арабҳое мегӯянд, ки ҳанӯз дар асри 7 ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардаанд. Мардуми Айвоҷ бо ранги тираи пӯст аз тоҷикони маҳаллӣ фарқ мекунанд ва аксари онҳо дар пешонаашон холи сунъӣ доранд.

Баъзе аз занони деҳаи Айвоҷ мегӯянд, онҳо барои раҳоӣ ёфтан аз гармои ҳаво дар вақти кори саҳро аз усули бобоӣ истифода мекунанд ва либосҳои ғафс мепӯшанд. "Агар либоси тунук пӯшӣ, офтоб тез таъсир мекунад, барои ҳамин либоси ғафс мепӯшем, ки офтоб ба мо таъсир накунад," -- мегӯяд Фазила Раҷабова, сокини 49-солаи Айвоҷ, ки дар гармои 52 дараҷа болопӯши пашмин дорад.

Мо аз Урунбек Сафаров, раиси маҳаллаи Айвоҷ пурсидем, ки бошандагони ин деҳкада дар фасли гармо чӣ тавр рӯза мегиранд?Сафаров гуфт, танҳо 20 дарсади сокинони деҳа, ки дар хонаҳо ҳастанд рӯза медоранд, кишоварзҳо чӣ мард ва чӣ зан дар ин гармо имкони рӯзагирӣ надоранд.

Айвоҷ бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад ва дар байни рӯдхонаҳои Ому ва Кофарниҳон ҷойгир аст. Оби ин ду рӯдхона ҳам ба заминҳои киштзор низ мерезад ва ҳам ба хонаҳои мардум. Аз аҳолии 7 ҳазорнафарии Айвоҷ танҳо 100 нафар дар муҳоҷирати корӣ буда, боқӣ ҳама ризқи худро дар ин декадаи ғанӣ аз замин пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG