Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Покистон рӯзи 22 июн гуфтанд, ки теъдоди афроди бар асари гармои бесобиқа дар Қарочӣ ба ҳалокат расида то 148 нафар афзоиш ёфт. Ҳарорати ҳаво дар ин шаҳри бандарӣ то 45 дараҷаи Селсия боло рафт. Аз ин пеш соли 1979 ҳарорати ҳаво дар Қарочӣ то 47 дараҷа расида буд.

Вазъ, ба вижа, баъд аз он тоқатфарсо шуд, ки дар бархе аз қисматҳои шаҳри дорои тақрибан 20 миллион сокин интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд ва мардум аз истифодаи таҷҳизоти шамолдиҳӣ маҳрум монданд.

Хадамоти ҳавосанҷии Покистон рӯзи якшанбе хабар дод, ки ба зудӣ ҳарорати ҳаво андаке паст хоҳад шуд ва аммо ҳамоно баланд боқӣ хоҳад монд.

Мансабдорон аз мардум даъват мекунанд, ки худро аз нурҳои сӯзони офтоб эмин нигаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG