Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди додгоҳии Русия ба Фаронса


Як моҳ пеш аз масдуд кардани 50 миллиард доллар аз ҳисобҳо ва моликияти Русия дар Фаронса, Маскав ба ҳукумати Фаронса таҳдид кардааст, айни корро на танҳо дар нисбати ҳукумати Фаронса, балки ширкатҳо ва шаҳрвандони он кишвар хоҳад кард. Ёддошти дипломатии мазкури Русияро Радиои Озодӣ низ дидааст. Русия ҳамин ҳафта таъйид кард, ки Фаронса ва Белгия баъзе аз ҳисобҳои вобаста ба давлати Русияро масдуд кардаанд, то аз ин ҳисоб ба саҳҳомони ширкати аз байнрафтаи “Юкос” ҷуброн бипардозанд. Ширкати мазкур ба Михайил Ходорковский, яке аз мунтақидони ҳукумати Русия тааллуқ дошт. Пештар аз ин Додгоҳи ҳакамие дар Ҳолланд ҳукм баровард, ки ҳукумати Русия нисбати Юкос ғайриқонунӣ амал кардааст ва бояд ҷуброн пардозад. Масдуд кардани ҳисобҳои Русия ҳукумати ин кишварро ба хашм овард ва Маскав гуфтааст, ки амалкарди Фаронса ва Белгия ғайриқонунист ва Русия аз тариқи додгоҳҳои дохилӣ алайҳи ширкатҳои хориҷӣ чора меандешад.

XS
SM
MD
LG