Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон ва Русия дар бораи то ба қаламрави Юнон бурдани лулаи гази самти Русия-Туркия ёддошти тафоҳум имзо карданд. Ин лулаи газ ба самти Аврупо акнун аз қаламраи Юнон низ хоҳад гузашт.

Дар ин ёддошти тафоҳум Александр Новак-вазири энержии Русия ва Панагиотис Лафазанис-вазири энержии Юнон дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодии шаҳри Санкт Петербург 19 июн имзо гузоштанд.

Лафазанис гуфт, ки Юнон дар марҳилаи бӯҳрони қарз ба кӯмак ниёз дорад на ба фишор ва ҳамкориҳои Юнон бо Русия бар зидди кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо нест.

Новак изҳор дошт, ки моликият байни Русияву Юнон баробар тақсим хоҳад шуд ва сармоягузорӣ аз тарафи бонки давлатии рушд бо номи Внешэкономбанк таъмин мегардад.

Газпроми Русия ба нақша гирифтааст, ки тавассути Туркия ва берун аз қаламрави Украина лулаи газеро ба самти Аврупо бисозад.

XS
SM
MD
LG