Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримот алайҳи Русия тамдид мешавад


Дипломатҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоташон дар шаҳри Брюссел ба мувофиқа расиданд, ки таҳримоти иқтисодӣ бар зидди Русия то 6 моҳи дигар ва то охири моҳи январи соли 2016 тамдид карда шавад. Бар асоси тавофуқоти онҳо, манъи сармоягузорӣ дар нимҷазираи Қрим, ки Русия аз Украина гирифт ва ба қаламраваш ҳамроҳ кард, то як соли дигар барҷой мемонад. Интизор меравад, барномаи тамдиди таҳримот алайҳи арсаҳои молӣ, энержӣ ва низомии Русия рӯзи 22-уми июн дар Люксембург дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо қабул шавад. Иттиҳодияи Аврупо баъди ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ва ҳимояташ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина барои як сол алайҳи Русия таҳримоти иқтисодӣ ҷорӣ карданд ва баъдан гуфтанд, дар сурати иҷрои созиши сулҳ ва қатъи муноқиша дар Украина ин таҳримот аз байн бардошта мешавад.

XS
SM
MD
LG