Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси як корманди собиқи КДАМ


Як корманди пешини КДАМ Ҷамшед Саидаҳмадов бо эълони ҳукми 8 солу 6 моҳи ҳабс бо иттиҳоми қаллобӣ аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм баровард, ки ин шахс барои 3 сол аз ҳама гуна ҳуқуқи машғулият бо соҳибкорӣ маҳрум хоҳад буд. Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт 17 июн ба радиои Озодӣ гуфт, бо назардоштибанди 2 моддаи 7 қонуни “Дар бораи авф” мӯҳлати ҷазои Саидаҳмадов аз се як ҳисса кам карда шудааст. Додгоҳ ҳамчунин дар ҳукми худ зикр кардааст ки Саидаҳмадов Ҷамшед 11033 ( доллар ба ҷабрдида Ҳабибова Зулайхо ва 4300 доллари Хайриниссо Мирзоева ҷабрдидаи дигарро пардозад. Додгоҳи Сино мегуяд маҳкумшуда Сайдаҳмадов Ҷамшед амалии қаллобии худро дар соли 2014 замоне, ки дар КДАМ кор мекардааст оғоз кардааст. Вай 7 уми июли соли 2014 бовари Хайриниссо Мирзоева, сокини шаҳри Душанберо ба даст дароварда аз ӯ 7000 доллар гирифта, ваъда додаст маблағро бо баҳраҳояш бармегардонад. Вай аз ҳисоби маблағи аз Хайриниссо гирифтааш аз вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба маблағи 6300 доллари барои дар оянда фурӯхтан, харидааст. Аммо дар муҳлати ваъдадодааш маблағро барнагардонидааст. Дар моҳи октябри ҳамон сол ӯ аз шаҳрванди дигар Ҳабибова Зулайхо ба маблағи 10033 доллар ҷавоҳирот гирифтааст. Додгоҳи Сино мегӯяд баъди он ки Ҷамшед Сайдаҳмадов маблағҳоро ба суди худ истифода намуда такроран мошин харида, ба фоидаи шахсиаш сарф кардааст бар асоси шикояти шаҳрвандон Ҳабибова Зулайхо дар нисбати ӯ бо моддаи 247 қисми 4 (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда ба ҳабс маҳкум карда шуд.

XS
SM
MD
LG