Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ ва Лавров оташбаси Украинаро баррасӣ карданд


Лавров ва Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)

Лавров ва Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 15 июн ба Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия фишор овард, то бовар ҳосил шавад, ки Маскав ба созишномаи оташбас дар шарқи Украина эҳтиром мегузорад. Дар ин бора вазортаи корҳои хориҷаи Амрико хабар додааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Лавров Ҷон Керрӣ “дархост кард, ки Русия бо истифода аз мулоқотҳои қарибулвуқуъи Гурӯҳи сеҷонибаи тамос ва Гурӯҳҳои корӣ иҷрои созмшномаи Минскро суръат бахшад. Ин созмшнома моҳи феврал ба имзо расида буд. Дар ин бора Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико хабар дод.

Маскав ҷонибдории худ аз ҷудоихоҳонро рад мекунад. Вале розӣ аст, ки то охири моҳи май назорати 400 километр минтақаи марзии миёни Русияву Украинаро ба Киев диҳад. Гуфта мешавад, ки ин минтақаро ҷудоихоҳон барои қочоқи силоҳу техникаи низомӣ, аз ҷумла тонк истифода мекарданд.

Дар ин сӯҳбати телефонӣ Лавров ба Ҷон Керрӣ аҳамияти “оғози музокироти мустақим миёни Киев ва ҷумҳуриҳои худхонади Донетск ва Луҳанск”- ро ёдоварӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG