Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори се тоҷик аз боздоштгоҳи Челябинск


Шаби 14 ба 15 июн се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум шуда буданд, аз боздоштгоҳи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар вилояти Челябинск фирор кардаанд. Павел Литвин, як масъули бахши вилоятиии ФМС ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ин се нафар бо истифода аз хомӯш шудани нирӯи барқ дар натиҷаи як садамаи фаннӣ тавонистаанд тарки боздоштгоҳ кунанд. Рӯзи 6 июн дар ҳамин боздоштгоҳи ФМС дар Челябинск муҳоҷироне, ки мунтазири ихроҷ ба кишварҳои зодгоҳашон қарор доштанд, ошӯб бардоштанд. Мақомоти Русия алайҳи ду нафари онҳо, ки ба корманди боздоштгоҳ ҳамла карданд, бо иттиҳоми ба ҳам задани фаъолияти боздоштгоҳ тибқи қисми дуюми моддаи 321-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда кушодаанд. Ҳангоми он ошӯб як шаҳрванди Узбакистон низ фирор карда буд. Вале ба навиштаи Интерфакс, ин муҳоҷир баъди чанд рӯзи “сайругашт” худро ихтиёран ба ин боздоштгоҳ баргаштааст.

XS
SM
MD
LG