Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

38 соли зиндони ду сокини Тоҷикистон дар Русия


Додгоҳи шаҳри Маскав Мараҳим Шеров ва Олимбек Асадбеков - ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, дар маҷмӯъ, ба 38 соли зиндон маҳкум кардааст. Онҳо моҳи сентябри соли гузашта дар фурудгоҳи Внуковои Маскав дастгир шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, Олимбек Асадбеков дар меъдаи худ ҳаштод бастаи ҳероин (500 грамм)-ро ба Русия бурда, қасд доштааст онро ба Мараҳим Шеров бидиҳад. Аммо ҳангоми дидор ҳардуи онҳо боздошт шуда, аз ҷои кори Мараҳим Шеров дар Маскав низ 2 килову 7 грамм маводи мухаддир пайдо гардидааст. Ҳоло Шеров ба 20 ва Асадбеков ба 18 соли зиндон маҳкум шуда, давраи адои ҷазояшонро дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид паси сар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG