Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши мудҳиш дар як анбори маводи сӯхт дар наздикиҳои шаҳри Киев чанд тан аз сӯхторнишонҳои украинӣ ба ҳалокат расиданд.

Вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков рӯзи 9 июн дар Твиттер навишт, ки сӯхтор шаби гузашта дар шаҳри Василкив, воқеъ дар 30-километрии пойтахт, рӯй дод.

Теъдоди қурбониёни таркиш ҳанӯз дақиқ нест – нашрияҳо дар бораи ҳалокати дасти кам шаш нафар хабар додаанд. Ба гуфтаи Арсен Аваков, шаш тан аз сӯхторнишонҳо бо осори сӯхтагӣ ба бемористон интиқол ёфтанд, ду нафар беному нишон шудаанд.

Сӯхтор дар як бушкаи бузурги маводи сӯхт шурӯъ шуд ва ба ҳашт бушкаи дигар гузашт. Ба иттилои хадамоти наҷотбахшӣ, барои хомӯш кардани оташ беш аз 300 тан аз сӯхторнишонҳо сафарбар шудаанд.

XS
SM
MD
LG