Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 мақоми афғон ҳини фирор ба Тоҷикистон


Се мақоми баландпояи вазорати шаҳрсозии Афғонистон, ки дар он кишвар мамнуъулхуруҷ шуда буданд, ҳини фирор ба Тоҷикистон, боздошт шудаанд. Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки се мақоми баландпояи вазорати шаҳрсозии он кишварро, ки талоши фирор ба Тоҷикистонро доштанд, дар вулусволии Шуғнон боздошт кардааст. Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи сарпарасти вилояти Бадахшон рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин се танро субҳи имрӯз боздошт кардаанд. Ба гуфтаи оқои Фурӯтан, ин се нафар Аҳмад Навоз Бахтиёр, раиси тасаддихонаи вазорати шаҳрсозӣ, Саидамон Саодат, масъули молӣ ва Муҳаммад Амин Қонеъ, раҳбари як раёсати ин вазорат мебошанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон чанд вақт қабл шаш масъули вазорати умури шаҳрсозии он кишварро ба иттиҳомӣ фасоди идорӣ, аз мақомашон барканор кард. Раиси ҷумҳури Афғонистон ба додситонии он кишвар супориш дода буд, то дар мавриди ин афрод таҳқиқот анҷом дода ва онҳоро мамнуъулхуруҷ эълом намоянд.

XS
SM
MD
LG