Пайвандҳои дастрасӣ

​Ҷоноқо Алекозай мегӯяд, якҷоя шудани фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ бо афроди воломақоми давраи раҳбарии Ҳомид Карзай агарчӣ ҳукумати Ваҳдати миллиро сарнагун нахоҳад кард, вале барояш мушкил эҷод мекунад.

Ин шабу рӯз дар Афғонистон ин сарусадоҳо дар гардиш аст, ки фармондеҳони пешини ҷиҳодии ин кишвар дар атрофи Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон муттаҳид шуда ва ҳукумати кунунии Ваҳдати миллӣ ба раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаанд. Сабаб чист, ки онҳо бар зидди раҳбарони кунунии Афғонистон ҷабҳа гирифтаанд ва иттиҳоди онҳо то чӣ андоза ба ҳукумати кунунӣ хатар эҷод мекунад?

Ҷавоби ин савол ва пурсишҳшои дигарро дар як гуфтугӯ аз Ҷоноқо Алекозай -- таҳлилгари умури Афғонистон дар Радиои Озодӣпурсидем.

Алекозай: "Рӯзҳои охир ин сарусадоҳо зиёд шудааст ва гуфта мешавад, як ҷабҳаи қаввии фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ ва раҳбароне, ки дар ҳукумати қаблии Ҳомид Карзай мақомҳои бисёр муҳим доштанд, мисли вазирону волиҳо ва касони дигар, як ҷабҳаро ташкил додаанд ва онҳо ҳар рӯз ҷаласаву мулоқот ва музокира мекунанд. Онҳо як мавзеъгирии зидди ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистонро пеш гирифтаанд. Агар мо каме ба гузашта нигоҳ кунем, мебинем, ки онҳо дар ихтиёри худ василаи қавӣ ҳам доранд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки машрӯияти ташкили ҳукумати Ваҳдати миллӣ зери суол аст ва бидуни шаффофияти интихоботӣ ташкил шудааст ва бар асоси як тавофуқи сиёсӣ байни Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури кунунӣ ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо ду гурӯҳе, ки дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ узвият доранд, байни худи онҳо низ мушкилоти салиқавӣ мавҷуд аст, аз ҷумла ихтилофоти қудрат ва мақомҳои давлативу ҳукуматӣ доранд. Аз як тараф мушкилоти дарунии ҳукумати кунунӣ ва аз тарафи дигар ташкили ҷабҳаи ононе, ки пештар дар сари қудрат буданд. Ба ин ҷабҳа аз ҷумла фармондеҳони пешини ҷиҳодӣ, раҳбарони аршади ҳукумати Ҳомид Карзай, дохил мешаванд ва акнун ҳукуматро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаанд."

Озодӣ: Оё норизоятии онҳо танҳо аз ҳамин ду нукта бармеояд ё сабабҳои дигар ҳам ҳаст?

Алекозай: "Ҷабҳаи фармондеҳони ҷиҳодӣ шояд ин тавр фикр карда бошад, ки мумкин аст ин ҳукумат дер давом накунад. Онҳо машрӯият ё қонунӣ будани ин ҳукуматро зери суол мебаранд ва мегӯянд, шояд ин ҳукумат давраи чаҳор ё панҷ соли пешбинишудаи ҳукуматро такмил накунад. Ба ҳамин сабаб, ин ҷабҳаро ташкил доданд, то дар оянда битавонанд қудратро ба даст бигиранд. Мушкили дигар ин аст, ки онҳо худашон аз қудрат канор монданд. Дар кишварҳои ҷаҳони севум, аз ҷумла дар Афғонистон касе, ки аз қудрат дур монд, ором наменишинад. Аммо коре, ки онҳо мекунанд, ба куҷо хоҳад расид? Қонуни асосии Афғонистон иҷоза медиҳад, ки онҳо Луи Ҷиргаи Афғонистонро ташкил диҳанд, агар битавонанд. Вале он чӣ аён аст, ин аст, ки онҳо як аҳроми фишор ба ҳукуматро ташкил додаанд."

Озодӣ: То чӣ андоза ташкили ин гурӯҳ метавонад барои ҳукумати кунунӣ таҳдидҳое дар пай дошта бошад?

Алекозай: "Мардум аз 13 соли ҳукумати Карзай бисёр хаставу маъюс шуда буданд. Фасоди идорӣ ба авҷи худ расида буд, системаи мафиёӣ дар ҳукумат буд. Ҳоло умедворие дар вуҷуди мардум пайдо шудааст, ки ҳукумати Ваҳдати миллӣ ва раисиҷумҳур метавонанд, ки бо равобити хубу ҳамкории наздик бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа принсипҳои ҳамкориро эҷод кунанд. Алоқаи онҳо бо чунин ҳамкориҳо бо Афғонистон беҳтар мешавад ва онҳо дар бораи сулҳ дар Афғонистон меандешанд ва дар ин росто кумак мекунанд. Пас таҳдиди ин ҷабҳа ба ҳадде нахоҳад буд, ки ҳукуматро сарнагун кунад. Вале мушкил эҷод карда метавонад."

Озодӣ: Дар матбуоти Афғонистон хабарҳое дар гардиш аст, ки гӯё баъзе аз волиҳои вилоятҳо аз ҳукумати Ваҳдати миллӣ чандон розӣ нестанд ва мегӯянд, ки ҳамкорӣ дар дохили худи ҳукумат самимӣ нест ва байни худ онҳо ихтилоф доранд. Таҳлилгарон чӣ мегӯянд?

Алекозай: "Баъзе волиҳо дар давраи ҳукумати Ҳомид Карзай низ сад дарсад ҷонибдори ҳукумати марказӣ ё раисиҷумҳур набуданд. Чандин волиҳои муқтадир, ки ҳоло ҳам ҳастанд ва ба унвони сарпапарст кор мекунанд, аслан парвои ҳукумати марказиро надоштанд. Ҳоло онҳоро сарпараст эълон кардаанд. Барои ҳамин, онҳо талош мекунанд, ки мавқеи худро ҳифз кунанд, барои он ки онҳо дар манотиқи худ бисёр нуфуз доранд. Онҳо намехоҳанд, ки ба осонӣ манофеи худро аз даст диҳанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG