Пайвандҳои дастрасӣ

А.Нур: Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон "намоишӣ" аст


Атомуҳаммади Нур, сарпарсти вилояти Балх.

Атомуҳаммади Нур, сарпарсти вилояти Балх.

​Атомуҳаммади Нур -- сарпарасти вилояти Балх раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистонро ба намоишкорӣ муттаҳам карда ва мушкилоти кишварашро ба содиқ набудани онҳо рабт дод.

Атомуҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балх, аз кори раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон танқид карда ва гуфтааст, онҳо бо якдигар содиқ набуда ва тамоми корҳояшон намоишист.

Оқои Нур, ки дар ҷараёни муборизаҳои интихоботӣ аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ, ҳимоят мекард, ба оҷонси хабарии Ройтерз гуфтааст, "мушкилоти умда, ки бояд ҳал шавад, аммо ҳанӯз ҳал нашудааст ва он ҳам ба раҳбарони ваҳдати миллӣ рабт мегирад. Намехоҳам, ки аз раисиҷумҳур ва ё раиси иҷроия ном барам, зеро ҳама медонанд, ки раҳбариро киҳо ба ӯҳда доранд. Инҳо то ҳанӯз бо ҳам содиқона кор накарда ва ҳама ҳаракатҳояшон намоишӣ аст. Ба ҷои корҳои намоишӣ беҳтар аст, ки бо ҳам содиқона кор кунанд."

Сарпарасти вилояти Балх ин изҳоротро як рӯз баъд аз кушта шудани нуҳ корманди маҳаллии як муассисаи ғайридавлатии марбут ба Ҷумҳурии Чех дар вулусволии ин вилоят иброз дошт. Гузашта аз ин, вилояти Кундуз дар ҳамсоягии Балх бештар аз як моҳ боз шоҳиди ноамниҳо буда ва нерӯҳои амниятии Афғонистон бо мухолифони мусаллаҳи давлат бо ҳам даргиранд.

Атомуҳаммади Нур гуфтааст, "ҷуғрофияи ҷанг тағйир карда ва омада дар Бадахшон ҷабҳаҳоеро боз мекунанд. Дар ин бора бо раисиҷумҳур ва раиси иҷроия сӯҳбат доштам. Ҳардуяшон гуфтанд, ки масъаларо ҳал мекунанд. Вале ягон иқдом накарданд ва имрӯз маҷбур шудам, масъаларо расонаӣ кунам, зеро намехоҳам мардумам кушта шавад."

Гуфта мешавад, Атомуҳаммади Нур дар ин шароит тарафдори мусаллаҳ сохтани бархе аз қумондонҳои ҷиҳодӣ дар сатҳи вилоят будааст. Ӯ мегӯяд, дар сурате ки ҳукумат нерӯҳои амниятии афғонро муҷаҳҳаз накунад ва тавоноии онҳоро тақвият набахшад, ҷонибдори мусаллаҳ шудани қумондонҳост.

Атомуҳамамди Нур яке аз сабабҳои ноамнии ахир дар Афғонистонро ҳам шарҳ дода, онро ба набудани вазири дифоъ рабт додааст. Ӯ гуфтааст, Маъсум Станакзай, ки ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи вазири дифоъ кор мекунад, барои мақоми вазири дифои Афғонистон шахси муносиб нест. Вай қаблан Станакзайро аз тарроҳони куштори Бурҳониддини Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ва раиси Шӯрои сулҳ номида буд.

Устод Ато дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон буд хизмат кардааст. Ӯ соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст. Аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буда, аз афроди соҳибнуфуз ва қудратманди ин кишвар ба шумор меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG