Пайвандҳои дастрасӣ

А.Нур: "Миёни ман ва Салоҳуддин Раббонӣ ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад"


Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон.

Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон.

Cӯҳбати ихтисосии Радиои "Озодӣ" бо Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон.

Сӯҳбати мо бо Атомуҳаммади Нур дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки ин дафъа сабаби омадани ӯ ба Тоҷикистон чӣ буд:

Атомуҳаммади Нур: Ҳадафи сафари ман ба Душанбе ба манзури дифоъ аз рисолаи магистриам буд. Мавзӯъи рисолаам «Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат» буд. Омодагӣ дидем, ки дифоъ кунем ва кардем. Ҳам ин буд ва ҳам дидори дӯстон ба ҳамин баҳона. Ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сӯҳбате доштам.

Озодӣ: Дар чӣ маврид?

Атомуҳаммади Нур: Ҳамкориҳои вилояти Балх бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ва имкониятҳои дигари ҳамкорӣ.

Озодӣ: Шумо роҳбари як вилояти бузурги Афғонистон ҳастед. Дар гузашта аз фармондеҳони муҷоҳидин будед. Дар чунин замонаи ҳассос ва он ҳам дар Афғонистон ва дар вазифаи хеле муҳим магар вақти кофӣ барои илм доред? Коратон кам аст?

Атомуҳаммади Нур: Ҳамон қисм, ки ҳазрати пайғамбар гуфтааст: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» ё «Дар талаби дониш бошед, агарчи дар Чин бошед», инҷониб ҳам чандин сол ба ин сӯ бо назарияи ҳуқуқи тиҷорат сарукор дорам. Дар ҷаҳони имрӯз, сиёсатҳои ҷаҳонии имрӯз доштани ҳамчунин унвонҳо барои як соҳибмақом хеле муҳим аст.

Озодӣ: Як воқеият тайи 20 соли ахир ва солҳои пеш ҳам дар Тоҷикистон дар зеҳнҳо нишастааст, ки афроди сарватманд рисолаҳои илмии худро ба истилоҳ «мехаранд». Шумо ҳам вазифадори хеле масруф ва ҳамзамон сарватманд ҳастед, шояд шумо низ аз ҳамин усули маъмул истифода кардаед?

Атомуҳаммади Нур: Шояд ҳамчунин афрод бошанд. Гуфта наметавонам. Аммо тайи чанд соли ахир бо ҷаноби профессор Қосимшоҳи Искандарӣ ва намояндаам дар ин ҷо – Абулҳайи Ором робитаи мустақим доштам. Шахсан сари рисолаам кор кардам. Далели он, ки ин рисола аз худи ман аст, имтиҳони дирӯз буд, ки бо ширкати 6 довталаби дигар ва аъзои комиссиюни Донишгоҳи тиҷорату Академияи улум баргузор шуд ва ман ба ҳама суолҳо посух гуфтам, мавзӯъро хуб муаррифӣ кардам.

Озодӣ: Имрӯзҳо, мешавад гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон яке аз мавзӯҳои рақами аввали ҷомиаи ҷаҳонӣ аст. Шумо ин 11 соли будани нерӯҳои байнулмилалиро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

Атомуҳаммади Нур: Барои кӯмаки ҷомиаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи терроризм, бозсозӣ ва баланд бурдани зарфиятҳои афғонҳо ҳазор сипос ва қадрдонӣ мекунем. Вале ҳоло, ки шароит шуда ва инҳо хориҷ мешаванд, минҳайси як афғоне, ки барои истиқлол ва озодии Афғонистон мубориза кардаам, барои беҳтар шудани зиндагии афғонҳо кор мекунам, бо баромадани дӯстони байнулмилалӣ хурсанд мешавам, ки афғонҳо ба тарафи худкифоӣ мераванд, як кишвари тавонманд эҷод мекунанд, бо пои худ рост меистанду мераванд ва барои ҳамеша бори дӯши ҷомиаи ҷаҳонӣ намешаванд.

Озодӣ: Оё будани хориҷиҳо тайи 11 сол ба вилояти Балх, ки ин мӯҳлат волӣ, яъне раҳбараш будед, чӣ дод?

Атомуҳаммади Нур: Мустақим аз онҳо мо баҳрабардорӣ накардем. Кору ободие, ки дар вилояти Балх шуд, аксаран аз ҳисоби тоҷирони Балх ва буҷаи инкишофии давлати марказӣ анҷом шудааст. Аммо он қисме, ки нерӯҳои байнулмилалӣ дар баъзе вилоятҳо тарҳҳо анҷом доданд, гӯшае аз ин пулро дар Балх масраф накарданд, зеро Балх ором буд ва тарёк кишт намекард.

Озодӣ: Аммо ин ҳама пешрафтҳои Балх аз кадом ҳисоб буд, вақте тарёк кишт намекард ва кӯмакҳои хориҷиро ҳам намегирифт, аммо ором асту сол ба сол пеш меравад?

Атомуҳаммади Нур: Мо ҳам як ПиАрТим – тими бозсозии вилоятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ доштем. Онҳо бояд тарҳҳои иқтисодиро дар баробари ҷанг бо терроризм амалӣ мекарданд. Се сол англисҳо буданд ва то ҳоло шведҳо ҳастанд. Аммо дар бахши бозсозӣ ҳеҷ кореро анҷом надоданд. Ҳамеша мегуфтам ба матбуот, раҳбаронашон ва расман ҳам хоҳиш кардам, ки ПиАрТим аз вилояти Балх барояд ва дар ҷойҳое, ки ҷанг аст, хизмат кунанд. Дар бозсозӣ ва инкишоф мо аз онҳо истифода накардем, зеро вилояти Балх худ тавонманд буд, амнияташ таъмин буд, мардумаш бо ҳукумат ҳамкорӣ мекард. Демократия ва озодии баён таъмин мешуд. Тарёк набуд, ягон фоҷиа, таркиш набуд, аз ин хотир, онҳо Балхро ҳимоят намекарданд.

Озодӣ: Дар бораи тиҷорату тоҷирон гуфтед. Як хусусияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки тиҷорат аз сӯи раҳбарон назорат мешавад. Ҳамчунин мешунавем, ки Устод Ато дар Балх тамоми тиҷоратро таҳти назорати худ дорад. Оё ин дуруст аст?

Атомуҳаммади Нур: Дар бораи ман ҳар чӣ мегӯянд. Дашном ҳам медиҳанд. Аммо мардум ақл дорад, чашму гӯшу ҳуш дорад, мебинад. Вақте Балх меоед ва мебинед, ки мардум аз волиаш ҳимоят мекунад, манзур ин аст, ки волӣ – Устод Ато ба онҳо хизмат кардааст. Агар Устод Ато дар Балх ба хиёнат шарик мебуд, мардумаш ӯро намепазируфтанд. На танҳо Балх, балки дар тамоми гӯшаҳои Афғонистон моро ҳимоят мекунанд, ба ҳамин хотир, дар бозиҳои интихоботӣ ва калони Афғонистон ҳамон тавре, ки дар гузашта саҳм доштем, дар оянда ҳам саҳм хоҳем дошт. Ҳеҷ коре набуд, ки манофеи миллиро ба мухотира дучор карда бошад. Мо ин заминаро мусоид кардем, ки мардум ва тоҷир бо хотири ором кор кунад, сармоягузор бо хотири ором сармоягузорӣ кунад, бачаҳо ва духтаронаш бо фикри ором дарс бихонад. Алҳамдулиллоҳ, дар вилояти Балх ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Ин фақат таблиғоти душманони арзии мо ҳаст. Вале ҳеҷ навъ тиҷорат дар ихтиёри ман нест, магар худам тиҷорат мекунам. Намехоҳам, ки дастнигар бошам ва мушкили иқтисодӣ дошта бошам. Дар паҳлӯи ин, ки дар хизмати мардум ҳастем, мехоҳем дар зиндагии худ ҳам ором бошем. Албатта, аз тиҷорати дигарон ҳимоят мекунам, аммо корашон надорам.

Озодӣ: Хуб, Шуморо аз афроди сарватманд меҳисобанд. Чун худ дар илми ҳуқуқи тиҷорат кори илмӣ кардед, як суоле ҳаст, ки пурсидани он беадабӣ намебошад. Сарвати Шумо чӣ қадар ҳисоб мешавад?

Атомуҳаммади Нур: Ҳанӯз дуруст ҳисоб накардаам, аммо гуфта метавонам, як миқдор пул дорам, ки мушкилоти рӯзмарра ва қисман мушкилоти муборизаи маро ҳал мекунад.

Озодӣ: Соли оянда ё бо пешниҳоди раисҷумҳур Ҳомид Карзай соли 2014 дар Афғонистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Шумо чӣ нақшаҳо доред: ширкат мекунед ё аз ягон нафар ҳимоят мекунед?

Атомуҳаммади Нур: Вазифаи давлатиам волии вилояти Балх аст. Аз нуктаи назари сиёсӣ, ба Ҷамъияти исломии Афғонистон шомил ҳастам. Дар ҳама кунҷу канори кишвар аъзо ва ҷонибдор дорем. Як саҳми калон дар муборизаҳо хоҳам дошт. Ин танҳо вилояти Балх нахоҳад буд, балки аз 34 вилояти Афғонистон гирди ҳам хоҳем буд. Ҳаракати бисёр қавиро ба роҳ хоҳем андохт. Иншоаллоҳ, ҳар нафареро, ки ҳимоят мекунем, пирӯз хоҳем кард.

Озодӣ: Оё ягон номзади мавриди назаратон ҳаст?

Атомуҳаммади Нур: То ҳанӯз не, вале ба ҳамин омодагӣ дорем, ки мо саҳми калон дошта бошем дар мубориза. Инсиҷом ва омодагӣ дорем, марокиз ва пойгоҳҳои муборизотӣ эҷод шуда, яъне ба як ҷумла мухтасар бисозам, ки дар таъйини сарнавишт ва тағйири натоиҷи интихоботи оянда дар Афғонистон мо нақши бориз ва умда, ҳатто нақши меҳавариро хоҳем дошт.

Озодӣ: Қарор аст дар Мазори Шариф як пойгоҳи низомии амрикоӣ эҷод шавад. Ба наздикӣ ин хабар буд, ки Абдурашид Дустӯм аз истихроҷи нафт дар Форёбу Ҷузҷон норозӣ аст. Шумо аз пойгоҳи низомии Амрико истиқбол мекунед?

Атомуҳаммади Нур: Тавре гуфтам, дар вилояти Балх тамоми кор ва сарнавишт дар дасти худи афғонҳо, балхиҳо аст. Мо қаблан ҳам масъулияти худро бар дӯш доштем. Ин ки ҳоло дар дигар вилоятҳо масъулиятҳоро ҳукуматҳои маҳаллӣ мегиранд, дар Балх ин мушкил вуҷуд надорад. Пойгоҳҳои НАТО дар мо вуҷуд доранд, аммо ба ин манзур нест, ки дар умури мо мудохила кунанд. Ин ҳақ бо мост. Мешунавем, ки чанд пойгоҳи қавии Амрико дар Балх, Ҳирот, Ҳилманд ва Қандаҳор ҳастанд. Қаблан ҳам мегуфтем, ки паймони стратегии Афғонистону Амрикоро қабул дорем, агар дар он манофеи миллии мо риоят шавад. Аммо ҳеҷ гоҳ аз пойгоҳи низомии доимӣ дар Афғонистон ҳимоят намекунем, зеро намехоҳем, ки як давлати танбал буда бошем. Мехоҳем, ки давлати тавонманд бошем. Мо зарурат ба пойгоҳи доимӣ надорем. Пойгоҳи доимӣ навҳае салби озодӣ ва истиқлоли Афғонистон аст. Бояд зарфияти худи афғонҳо боло биравад.
Дар бораи даъвои оқои Дустӯм. Истихроҷи нафт ҳаққи давлати марказии Афғонистон аст ва ин манобеъ аз тамоми мардум аст. Ҳамон маодине, ки дар ин ё он вилоят аст, аз шахсе, аз вилояте ё қарияе нест. Ин сарвати миллии мардуми Афғонистон аст.



Озодӣ: Пас аз шаҳодати Устод Раббонӣ бархе бар ин андешаанд, ки ҷойгоҳашонро метавонед шумо пур кунед, яъне лидери тоҷикони Афғонистон Шумо метавонед бошед. Худи Шумо чӣ назар доред?

Атомуҳаммади Нур: Ду шахсияти бузурги мо – ҳам раҳбари шаҳид Устод Раббонӣ ва ҳам қаҳрамони миллӣ – Аҳмадшоҳи Масъуд шахсиятҳои нотакрор буданд. Ман наметавонам худро бо онҳо баробар кунам, зеро аз пайравони онҳо будам. Инҳо қурбонии бузургеанд, ки аз домони Ҷамъияти исломӣ, Афғонистон ва минтақа гирифта шуд, аз ҷониби душманони кӯрдили мову шумо. Тақозо, бардошт ва пешниҳодҳое аз ман вуҷуд доранд, ки инро мегузорем ба салоҳдиди Конгресси Ҷамъияти исломӣ ва раҳбарони он. Ин Конгресс ҷамъ меояд ва он ҷо дар фазои озоду демократӣ интихоб мекунанд, ки раҳбари Ҷамъият кӣ бошад.

Озодӣ: Яъне то ба ҳол муайян нашудааст, ки раҳбари Ҷамъияти исломӣ кӣ бошад?

Атомуҳаммади Нур: Миёни ман ва Салоҳуддин Раббонӣ, писари устод Раббонӣ тафоҳум вуҷуд дорад, ки дар ҳоли ҳозир кадом бахшҳои фаъолияти Ҷамъиятро пеш барем ва баъд ба орои озоди мардум муроҷиат кунем.

Озодӣ: Ин ҷаласаи Ҷамъияти исломӣ кай баргузор мешавад?

Атомуҳаммади Нур: То ду – се моҳи оянда, иншоаллоҳ, сурат хоҳад гирифт.

Озодӣ: Қаблан дар замони муқовимат Тоҷикистон бо Иттиҳоди Шимол таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд робитаи хуб дошт. Ин ҷониб ба ӯ ва он ҷониб ба Тоҷикистон такя мекарданд. Худое накарда, як чунин вазъ пеш ояд, оё Тоҷикистону мардумаш метавонад ба Шумо эътимод кунад?

Атомуҳаммади Нур: Ин рабт мегирад ба нақши як фард, ки чӣ қадар тавонмандиву мудирияту раҳбариятро метавонад дошта бошад. Аввал, мо умедвор ҳастем, ки вазъият ба гузашта барнагардад ва душманони мо ба он ҳад нестанд, ки дубора дар Афғонистон мусаллат шаванд. Баъд аз соли 2014 мо мутмаин ҳастем, ки зарфиятҳои худи афғонҳо боло меравад ва кишварашонро ҳимоят карда метавонанд. Тааҳҳуде, ки дар Чикаго шуд ва ҷаласае, ки дар Токио мешавад, ваъдаҳоеро дар зимн доранд ва хоҳанд дошт, ки барои боло бурдани зарфиятҳо дар Афғонистон муассир хоҳанд буд. Кӯмаки хориҷӣ ва иродаи мардуми Афғонистон кифоят мекунад, ки мо қавӣ шавем. Агар мушкилоте ҳам пеш оянд, мо дар ин мубориза саҳим хоҳем буд. Агар тавонмандии мо ин буда бошад, ки мардум аз мо ҳамкорӣ хоҳанд, дар хизмати онҳо мешавем.


Атомуҳаммади Нур чандин сол муқобили нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ дар Афғонистон пайкор намудааст.

Атомуҳаммади Нур чандин сол муқобили нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ дар Афғонистон пайкор намудааст.

Озодӣ: Як суоли сирф шахсӣ. Аксари афроди қудратманд, бахусус дар Афғонистон чанд зан доранд. Шумо чӣ?

Атомуҳаммади Нур: Як зан дорам. Аз ӯ хеле хуш ҳастам. Зиндагии хуб дорем. Ҳеҷ зарурат ба зани дигар надорам. Ду духтар ва 5 писар дорем. Духтари калониам 19 – сола аст. Писарам нав ба донишгоҳ рафт. Бақия ҳанӯз хурданд.


Атомуҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11–соларо дар он ҷо хатм кард. Ҷаноби Нур дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд аз фармондеҳони Ҷамъияти исломии Афғонистон буд, ки сарвариашро Бурҳонуддини Раббонӣ ба зимма дошт. Аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буда, аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд. Соли 2008 дипломи донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст. Чанд рӯз қабл дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон унвони магистри улуми ҳуқуқро ба даст овард. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG