Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба сайтбандӣ хотима диҳад


Сафорати Амрико дар Душанбе маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ ва торнамоҳои дигар изҳори нигаронӣ кард.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 4 июн бо нашри як баёния аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва ҳамчунин сомонаҳои Радиои Озодӣ, “Азия Плюс” ва дигар сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

"Баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад. Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист. Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд. Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дорад. Мо Ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунем, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад."​

Дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ нимирӯзии 28 май, замоне маҳдуд шуд, ки ин расона хабареро дар бораи пахши як видео аз тарафи сардорри Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-И Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов мунташир намуданд. Дар пайи он, бархе аз фароҳамоварони хадамоти интернетӣ дастрасии муштариёни худро дар Тоҷикистон ба сомонаҳои Азия Плюс, Радиои Озодӣ, "Ютюб, "Одноклассники" ва "ВКонтакте" маҳдуд кардаанд.

Ҳарчанд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасии муштариёнро ба сомонаҳо рад мекунад, сафи шикояткунандагон рӯ ба афзоиш дорад ва ҳисобкунакҳои Гугл ва Адоб нишон медиҳанд, ки шумораи воридшавандагон ба сомонаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба таври ғайримуқаррарӣ кам буда, он ҳам рӯ ба коҳиш дорад.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои гуногун, аз ҷумла Радиои Озодӣ, Фейсбук ва Ютюб маҳдуд кардаанд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо бархе аз чунин мавридҳоро эътироф карда, онро ба “мушкили фаннӣ” бастагӣ додааст.

Қатъи дастрасӣ ба торнамои Радиои Озодӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки он яке аз аввалин расонаҳои ахбори ом буд, ки дар бораи рӯ задани видеои Гулмурод Ҳалимов дар бораи ба сафи "Давлати Исломӣ" пайвастани полковники бенишоншудаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.

XS
SM
MD
LG