Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар айни ҳол дар урдугоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор тамрин мекунад.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар урдугоҳи Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷараён дорад, барои омодагӣ ба бозиҳои даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун 26 бозигар даъват шудааст. Аз ҳама бештар - 16 нафарро бозигарони “Истиқлол”-и Душанбе ташкил медиҳанд. Инчунин 8 нафар аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии кишвар мебошанд.

Ба бозиҳо муқобили тими Урдун ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев аз бошгоҳи «Газовик»-и Оренбурги Русия ва Давронҷон Эргашев аз тими «Жетису»-и Қазоқистон даъват шудаанд, ки рӯзҳои наздиктарин ба даста ҳамроҳ мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Рақиби мо – мунтахаби Урдун дастаи хеле ҷиддӣ ва пурқувват аст. Умуман, дар ин мусобиқа дастаи заиф нест. Мунтахаби Австралия бошад, хеле пуртаҷрибаву қавист. Тимҳои миллии Қирғизистону Бангладеш низ рақибони шоистаанд. Вазифаи мо дар сабқати интихобӣ роҳ ёфтан ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мебошад. Мо ба дастгирии мухлисонамон ниёз дорем. Бинобар ин онҳоро ба варзишгоҳи марказии Душанбе даъват менамоем ва мекӯшем, ки бо бозии хуб хушҳол кунем”.

Даври омодагӣ ва тамрини тими мунтахаби милллии футболи Тоҷикистон аз чаҳор соли қабл ба гунаи ҷиддӣ тафовут дорад. Бозигарон бар изофаи мураббиёни наву ботаҷриба ва муҳим аз ҳама дастпарварони футболи тоҷик, шароити хуби тамрину истироҳат дарёфт кардаанд.

Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва тими "Истиқлол"-и Душанбе, аз шароити фароҳамшуда ҷиҳати омодагӣ барои бозӣ бо Урдун изҳори итминон кард: "Тамоми шароитҳо муҳайё аст. Тавре мебинед, майдони тамрин дар ҳолати олӣ қарор дорад, ҷои хӯрокхӯрӣ ва хоб ҳам хеле хуб аст. Дар ин марҳила мо бештар ба тактика ва техникаи бозӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Дирӯз бозии дастаи Урдунро тамошо карда, мавқеъҳои заъифи онро омӯхтем. Ҳамчунин дар тамринҳо ба мавқеъҳои заъфи тими худамон таваҷҷӯҳи зиёд мекунем, то онро ислоҳ намоем."

Амоншо Саодатсайров, мураббии дарвозабонҳои тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, омодагии дастаро ба бозӣ муқобили Урдун хуб мешуморад: "Мураббиён Муҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Рустам Қурбонов кӯшиш доранд, он фарқияти байни бозинарони “Истиқлол” ва аз дигар тимҳои кишвар ба мунтахаби миллӣ даъватшударо то бозӣ бо дастаи мунтахаби футболи Урдун баробар кунанд. Чунки тамрину бозии футболбозони “Истиқлол” дар сатҳи баланд аст, зеро онҳо дар бозиҳои Ҷоми АФК таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кардаанд."

Тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо ду рақиби худ дар гурӯҳи “B”-тимҳои Урдан ва Австралия, барои нахустин бор бозӣ мекунад. Бо ду рақиби дигар-Қирғизистон ва Бангладеш, дар гузашта вохӯрда буд ва бозиҳои он ду тим ошно аст.

Ёдовар мешавем, бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад. Рақиби мунтахаби футболи Тоҷикистон – тими миллии Урдун, ки бозии дӯстонаро дар шаҳри Ирбид бо мунтахаби Лубнон бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом дод, дар ҳамин ҳол дар Туркия омодагӣ мебинад ва дар ин ҷо рӯзи 5 июн бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона мекунад.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG