Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Сергей Лавров ба танқиди Брюссел


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, интиқоди Брюссел аз “рӯйхати сиёҳ”-и таҳиякардаи Маскавро рад намуд. Ӯ рӯзи 1 июн изҳоротеро, ки ба рӯйхатмансабдорони аз замима шудани нимҷазираи Қрим ва пуштибонии Русия аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина танқидкардаи Иттиҳодияи Аврупо шомил шудаанд, бепояву бунёд номид.

Ҳамзамон дипломати рус Брюсселро дар он айбдор намуд, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ вуруди 151 мансабдори рус ва шаҳрвандони русгарои Украинаро ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо манъ ва ҳисобҳои бонкии онҳоро мунҷамид кардааст.

Аз ин пеш Алексей Мешков, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар посух ба иттиҳоми Брюссел дар мавриди норӯшаниҳо дар таҳияи “рӯйхати сиёҳ”-и шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо гуфт, “дар робита ба ҳам нафар тасмими алоҳида гирифта шуда, дар бораи шомил карданашон ба ин рӯйхат шарҳи мушаххас мавҷуд аст”.

Ахиран Маскав 89 сиёсатмадор ва низомии баландпояи 17 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кард - вуруди ин афрод ба қаламрави Русия мамнӯъ аст. Ин рӯйхат рӯзи 30 июн дар ихтиёри Брюссел гузошта шуд. Иттиҳодияи Аврупо ин феҳристро “беасос” ва “ғайриқрнунӣ” номид. Хадамоти аврупоӣ оид ба умури беруна дар изҳороташ навишт, ки Русия далелҳо ва меъёрҳои тасмимгирияш дар робита ба мансабдорони ворид ба рӯйхатро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG