Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тайи се шабонарӯзи ахир дар баҳри Миёназамин беш аз панҷ ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ наҷот дода шуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо рӯзи ҷумъа дар 25 киштӣ аз Либия сӯи соҳилҳои Аврупо роҳ гирифта буданд. Дар амалиёти наҷоти онҳо чанд кишвари аврупоӣ - Италия, Белгия, Дания ва Финляндия ширкат доштанд.

Фабрис Легери, намояндаи Frontex – Иттиҳодияи аврупоии хадамоти ҳифзи соҳил, рӯзи 1 июн ба хабаргузориҳо гуфт, ки амалиёти наҷоти ин теъдод аз муҳоҷирон бори аввал сурат мегирад.

Айни ҳол ба амалиёти наҷотбахшӣ дар баҳри Миёназамин – созмони Иттиҳодияи Аврупо Triton раҳбарӣ мекунад – аз ин пеш ин масъулият бар дӯши созмони италиявии Mare Nostrum буд.

Кӯмак ба муҳоҷирони африқоӣ баъд аз он густурда шуд, ки моҳи апрел беш аз 800 нафари онҳо бар асари фалокат дар баҳр ба ҳалокат расиданд.

Ба навиштаи маҷаллаи амрикоии Time, аз ибтидои соли равон беш аз 40 ҳазор муҳоҷирони африқоӣ аз фалокатҳо дар баҳр наҷот дода ва аз сӯи баъзе кишварҳои аврупоӣ пазируфта шуданд.

Қарор аст, ки тобистон теъдоди хоҳишмандони вуруд ба Аврупо аз тариқи баҳри Миёназамин афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG