Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди фирор аз бемористон хонаашро оташ зад


Бӯрихон Шарифов, сокини 42-солаи шаҳри Кӯлоб, баъди фирор аз беморхонаи рӯҳӣ манзили собиқи зисташро, ки он ҷо амакзодаҳояш зиндагӣ мекардаанд, оташ задааст. Ин ҳодиса соати 10-и шаби 29 ба 30 май дар маҳалли “Совет”-и Кӯлоб ба вуқӯъ пайваста ва ҳангоми оташ гирифтан дар ин манзил се кӯдаки ноболиғ ва ду зану як мард хоб будаанд.

Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, занону кӯдаконро солим аз хона берун овардаанд ва танҳо 30 дарсади бадани Ҷумъахон Қаландаров, саробони ин хонавода, сӯхта ва ҳоло дар бемористон бистарист. Саидмудассир Раҳматов, сардори Хадамоти оташнишонии Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, Бӯрихон Шарифов баъди фирораш аз беморхонаи рӯҳӣ ба атрофи хона сӯзишворӣ рехта, оташ сар медиҳад ва худ дар таҳхона пинҳон мешавад. “Мо дарҳол бо чаҳор мошини обпош ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудем ва кӯдакону худи Шарифовро, ки дар таҳхона пинҳон шуда буд, аз алангаи оташ солим берун баровардем. Оташ ба бомпӯши хонаи ҳамсоя низ часпида буд ва пас аз талоши зиёд хомӯш карда шуд,”-- афзуд мусоҳиби мо.

Ба қавли Раҳматов, ҳоло як комиссия зиёни расида аз ин сӯхторро тафтиш дорад ва бар асоси хулосаҳои пешакӣ зарар тақрибан ба 20 ҳазор сомонӣ баробар аст. Ҳамсӯҳбати мо изофа кард, Бӯрихон Шарифов пеш аз он ки хонаро оташ занад, бо писармакаш сари он баҳс кардааст, ки чаро ӯро аз хона ба Беморхонаи рӯҳӣ бурдаанд?

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ин сӯхторро барқасдона унвон карда ва дар робита ба он парванда боз намудаанд. Бӯрихон Шарифов дубора ба Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ фиристода шуда, таҳти табобат қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG