Пайвандҳои дастрасӣ

Додситону пулис зидди парвариши гову гӯсфанд - дар Хуҷанд


​Додситон ва сардори идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд талаб карданд, ки ҳайвонҳои калону майдаи шохдор аз ҳудуди ин шаҳр берун карда шуда, парваришашон низ мамнуъ эълон гардад.

Додситон ва сардори идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд талаб кардаанд, ки тамоми чорвои калону майдаи шохдор аз маркази Суғд берун карда шуда, парваришашон дар ҳудуди шаҳр мамнӯъ эълон гардад. Ин талаб аз забони додситон ва раиси пулис рӯзи 29 май, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, садо додааст.

Эмин Ҷалилов -- сардори шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд дар ин нишаст аз рафтори сокинон, ки ба қавли ӯ гоҳо чорвояшонро ба даруни гулзорҳо низ сар дода, заҳмати коргаронро барбод медиҳанд, интиқод кардааст. Ӯ гуфтааст, "ба даруни гулу гулзор гов сар дода, ҳама ҷойро расво кардаанд. Аз пушти ин кашокаш мешавад. То кай ин вазъ идома кунад? Раиси шаҳр бояд ягон қарори расмӣ қабул кунанд."

Қурбон Мирзозода -- додситони шаҳри Хуҷанд низ чунин вазъро тасдиқ карда ва гуфтааст, ҳатто молҳои майда низ аз ҳудуди шаҳр бояд берун бурда шаванд. Ба қавли ӯ, бояд тамоми пешниҳодҳо дар ин замина бо далелҳо ба ҳукумат ироа шуда, дар ин робита қарори расмӣ қабул гардад. Оқои Мирзозода дар ин ҷои сӯҳбаташ аз таҷрубаи Душанбе барои манъи парвариши чорвои калону майдаи шохдор дар ҳудуди пойтахт мисол оварда ва гуфт, барои ин кор ҳатто ҷавобгарӣ пешниҳод шудааст.

Таҷрибаи манъи парвариши ҳайвоноти хонагӣ нахуст дар Душанбе роҳандозӣ шуда буд. Охирҳои 2013 ва аввали соли гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъулон супориш дод, ки барои аз ҳудуди пойтахт баровардани ҳайвоноти хонагӣ манзилҳои шахсии сокинонро, гашта натиҷаи онро тавассути телевизиони "Пойтахт" эълон кунанд. Ҳамчунин мақомоти қудратӣ муваззаф шуданд, сокинонеро, ки ин қонунро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Дар пайи рейди махсуси мақомоти қудратӣ ҳадди ақалл чор сокини Душанбе барои парвариши гову гӯсфанд ва хару нигоҳ доштани мурғ дар хона то 400 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз ҷумла моҳи майи соли гузашта додгоҳи ноҳиия Исмоили Сомонӣ сокини кӯчаи Телмани пойтахт Аҳмад Гиёевро "барои нигаҳ доштани ду сар чорвои калони шохдор ва як хар дар манзили зисташ тибқи моддаи 480-и Кодекси маъмурӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда ё баробар ба 400 сомонӣ ҷарима баст.

Аммо ин аввалин мавриди муҷозоти сокинони Душанбе барои парвариши чорво дар ҳудуди пойтахт нест. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар моҳи октябри соли 2013 сокини дигари пойтахт, истиқоматкунандаи кӯчаи Саҳбо Зулайхо Шарифоваро барои нигоҳдорӣ ва парвариши ду аспу як хар дар манзили зисташ низ 400 сомонӣ ҷарима карда буд.

Парвариши чорво дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 2009 манъ шуд, вале дар соли 2010, ба далели камчин шудани гӯшту шир дар пойтахт чорводориро ба сокинон ба таври истисноӣ аз нав иҷозат доданд. Вале мақомот ин масъаларо аз охирҳои соли 2013 сахт гирифтанд. Дар Душанбе тибқи қонун "Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон" парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва парандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи пойтахт манъ аст.

XS
SM
MD
LG