Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи беҳдории Душанбе маъракаи додани санад ба саг ва гурбаҳои хонагиро сар кард, ки ҳадафаш аз байн бурдани сагҳои дайду ва ҳорӣ ва гурбаҳои бесоҳиб дар шаҳр аст.

Комиссияи махсусе дар Идораи беҳдории Душанбе маъракаи мустанад кардани сагу гурбаи сокинони шаҳрро оғоз намуд, то бо ин роҳ шумораи сагони велгарду ҳорӣ ва гурбаҳои бесоҳиб коҳиш дода шавад. Баъд аз поёни ин маърака сагу гурбаҳое, ки санад надоранд, ба маконҳои нигаҳдории махсус бурда ва сипас маҳв карда мешаванд.

Корманди Идораи беҳдории пойтахт оид ба ҳайвонот Комил Сараев рӯзи 10-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки кори комиссия ин аст, ки аз сокинони пойтахт ҳуҷҷатӣ кардани ҳайвоноти хонагии худро талаб намояд. Вай гуфт, ки ин талабот хеле пештар шуруъ шуда буд ва мақсади асосӣ аз байн бурдани сагҳои ҳорӣ ва дайду мебошад. Ба гуфтаи ӯ, шиноснома доштани ин ҳайвонот аз он лиҳоз муҳим аст, ки онҳо таҳти назорати беҳдоштӣ қарор мегиранд ва нигоҳубини онҳо масъулияти соҳибонашон шумурда мешавад.

Ҷаноби Сараев меафзояд: “Мардуми мо ҳанӯз маданияти паспортдории сагу гурбаашро аз худ накардааст ва ҳоло дар кӯчаҳои пойтахт сагҳои зиёде мегарданд, ки маълум нест, соҳиб доранд ё не ва афзоиши сагҳои дайду боиси зиёд шудани сагҳои ҳорӣ ва мушкилоти марбут ба ин мешавад.”

Ҳоло комиссияи мазкур корро дар ноҳияи Сино пеш мебарад ва ҳамин гуна ҳамаи ноҳияи шаҳр аз назорати он хоҳанд гузашт.

Маъракаи мустанад кардани сагу гурбаҳо қаблан дар вилояти Хатлтон комёбона анҷом ёфта буд.

Дар ҳоле, ки идораи байтории вилояти Хатлон роҳи мубориза бо сагони дайду ва гирифтори бемории ҳориро дар нобуд кардани онҳо медонад, аммо 54 ҳазор сокини вилоят, ки дар хонаҳояшон саг доранд, хоҳони гирифтани шиноснома барои сагҳояшон ҳастанд. Чун дар ин санад, ки шиносномаи саг аст, ному насаби соҳиби саг, макони зист ва лақаби он сабт мешавад. Як шиноснома барои саг ҳудуди 10 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло беш аз 100 нафар баъди моякубӣ ё эм кардани сагҳояшон, шиноснома дарёфт кардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиалогӣ дар Хатлон низ ҳадаф аз шиноснома додан ба сагҳоро таъмини амнияти сокинон арзёбӣ мекунанд. Шаҳрвандоне, ки аз афзоиши ҳуҷуми сагҳои ҳорӣ нигарон шудаанд, як сабаби муроҷиат накардан ба духтурро гаронии хадамоти тиббӣ унвон карданд. Ваксин барои як нафаре, ки аз газидани саг муроҷиат мекунад аз 85 сомонӣ то 120 сомонӣ арзиш дорад, ки на ҳама сокинон имкони харидорияшро доштаанд.

Тибқи омори расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то кунун бар асари ҳамлаи сагҳои дайду дар вилояти Хатлон ҳудуди 3 ҳазору 300 нафар осеб дида ва ба пизишкон муроҷиат кардаанд.

Идораи беҳдории пойтахт оид назорати ҳайвонот мегӯяд, ки шиносномадиҳӣ ба ҳайвонҳои хонагӣ танҳо ба гурбаву саг рабт дорад ва ба гову гӯсфанду мурғу дигар ҳайвонҳо иртибот надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе парвариши чорво ва мурғро дар қаламрави шаҳр манъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG