Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарзандони Нозигул: "Қотилони модарамон дар хона, мо ними Тоҷикистонро гаштем"


Фарзандони Нозигул Азимова, сокини Қубодиён, ки аз сӯи ду келинаш ба қатл расида ва ҷасад ба дарё андохта шудааст, мегӯянд, онҳо дар ҷустуҷӯи модар Хатлону ноҳияи Рӯдакӣ ва Душанберо гаштаанд.

Дар ноҳияи Қубодиён, ҷануби Тоҷикистон, ду келини як хонавода хушдоманашонро бо зарби чойҷӯши оҳанин кушта, ӯро оташ задаанд ва пайкари нимсӯхтаашро ба дарёи Кофарниҳон андохтаанд. Ба иттилои пулиси ноҳияи Қубодиён, ин ҳодиса шоми 26 ба 27 декабри соли гузашта дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти "Тахти сангин" иттифоқ афдодааст. Келинҳо баъд аз куштори хушдоман ба суоли аъзои дигари хонавода, ки модарашонро суроғ кардаанд, гуфтаанд, ӯ ба хонаи хоҳараш меҳмонӣ рафтааст.

Гулӣ ва Дилшод, ду фарзанди зане, ки аз ҷониби келинҳо кушта шудаанд, ду рӯз мунтазири модарашон модаанд ва сипас ба ҷустуҷӯи ӯ ба хонаи холааш дар ноҳияи Носири Хусрав ва аз онҷо ба Қӯрғонтеппаю Душанбе рафтаанд. Гулӣ Азимова, духтари 27-солаи Нозигул Азимова рӯзи 28 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо модарашонро панҷ моҳ дар ноҳия ва берун аз вилоят ҷустуҷӯ кардаанд, вале ӯро пайдо накардаанд ва пулис қотилони модарашро аз хонаашон пайдо намудааст.

Гулӣ Азимова мегӯяд, модараш зани тозакор буд ва бисёр вақт келинҳои хонадонро барои риоя накардани покизагии хона ва дуруст нигоҳу бин накардани фарзандони ноболиғашон накӯҳиш карда, бе розигии шавҳаронашон ба хонаи наздиконашон рафтанро иҷоза намедодааст. Ин аст, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, зуд-зуд миёни келинҳову хушдоман даъво сард зада, онҳо бо қатл ва оташ задани ҷасади хушдоманашон аз як "дарди сар" халос хӯрдаанд.

"Модарамро куштаанд, вале гуфтанд, ки ба хонаи холаат рафтааст. Мо то даҳуми май кофтем, вале наёфтем. Додарам ҳамон рӯз хонаи ман рафта буд, ки онҳо ин корро кардаанд, бародарони дигарам дар Русия ҳастанд. Модарам ҷангашон мекард. Ҳамон бегоҳие, ки ҳамин корро кардаанд, ҷангашон карда буд. Янгаам мехост, ки Душанбе равад, иҷоза надодааст ва ҳамон шаб янгаи хурдиям нақшаи кушторро кардааст. Охир, дар хонаи ҳама ҷангҳои хонаводагӣ мешавад ва бояд ҳамаи хушдомандҳо кушта шаванд?" -- суол мегузорад Гулӣ Азимова.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки фарзандони Нозигул Азимова аз нопадид шудани ӯ ба пулис ариза додаанд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайи бозҷӯиҳои фаврӣ маълум кардаанд, ки ӯ аз сӯи келинҳояш Сафаргул Азимова ва Оигул Пардаева кушта шудааст. Оигул Пардаеваи 25-сола сокини деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин” модари як кӯдаки 2-сола ва Сафаргул Азимова 30 сол дошта, панҷ соли пеш аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ин хона келин шудаву соҳиби як писари 3-сола будааст.

Мақомоти ноҳияи Қубодиён аз қавли ду келин мегӯянд, ки ҳодисаи куштор, оташ задан ва ба дарё андохтани хушдоман рӯзи 26 ва 27 декабри соли гузашта содир шудааст, вале баъди моҳҳо ҷустуҷӯ намудан, ба пулис аз пайдо намудани курта, эзор ва рӯймоли сӯхтаи модарашон аз як гӯшаи замини назди ҳавлияшон хабар додаанд.

Фарзандони Нозигул Азимова мегӯянд, инчунин деворҳои сафеди хонаашон олудаи хун будаанд, ки чанд рӯзи аввал онҳо аҳамият надодаанд. Пулиси ноҳияи Қубодиён рӯзи 10 май ду келинро ҳамчун гумонбар бозпурсӣ карда ва онҳо рӯзи 12 май ба ҷинояти кардаашон шаҳодат додаанд, ки аз он рӯз дар боздоштгоҳи низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд.

Додситонии ноҳияи Қубодиён алайҳи ин ду зан, ки ҷинояти сангинро анҷом додаанд, тибқи моддаи 104, қисми 2, яъне “куштор бо бераҳмии махсус” парвандаиҷ ҷиноӣ боз намуда, ба баррасии он оғоз намудааст. Додситонҳо ва вакилони ин ду зан мегӯяд, ки ин парвандаи тоза оғоз шудааст ва ба баҳонаи дар баррасӣ будани парванда, феълан маълумоти аз ин зиёд намедиҳад.

Дилшод Азимов, яке аз 5 фарзанди Нозигул Азимова мегӯяд, ки ӯ бовар надошт, ки ҳамсараш Оигул Пардаева даст ба куштори хушдоманаш мезанад. Пардаева ҳангоми боздошт ба ҳамсараш Дилшод Азимов гуфтаст, ки барномаи кушторро келини калонӣ кашида буд. Дилшод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди доштани фарзанди хурдсол ва дӯстдоштани ҳамсараш, ӯ пеш аз хабардор шудани марги модараш мехостааст, ки ҳамсарашро талоқ диҳад, чун модараш бо келинҳояш муносибати хуб надошта, зуд-зуд ҷанг мекардаанд:

“Худашон гуфтанд, ки мо куштем, яктоаш ҳамсари ман аст, ки ба ин кор даст задааст, ман боварӣ надоштам, вале дар ҳақиқат ҳамин корро кардааст, ҳамсарам ба модарам қасд доштааст, ман дигар зиндагӣ намекунам бо ҳамсарам. Аввал фикр кардам, ки модарам қаҳр карда аз хона рафтаст, вале баъд фаҳмидам, ки куштанд ӯро. Аз хона кӯрпачаҳои сӯхтагиро ёфтем ва дар деворҳо хуни сари модарам модааст.”

Аз ҷамоати деҳоти “Тахти сангин” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Нозигул Азизова табиби мардумӣ буд ва фолбинӣ мекард, ки бештар вақти худро дар сафар мегузаронд ва хело кам дар хонааш мемонд.

Оишаҳар Ҷумъаева, зани 58-солаи деҳаи Роҳи нави ноҳияи Қубодиён, модари Оигул Пардаева аст, ки баъди хабари даст доштани духтараш дар куштор, мадори сӯҳбаро надорад. Тоҳир Пардаев, падари Оигул Пардаева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран духтараш аз зиндагӣ шикоят надошт ва ба онҳо дар бораи ҷанги хушдоманаш аслан ҳарф намезадааст. Тоҳир Пардаев мегӯяд, ки ӯ талош кардааст, дар боздоштгоҳ ҳақиқати ҳолро аз духтараш шунавад, вале ба ӯ имкони мулоқот надоданд:

“Ман бемор будам, ки як маротиба хона омада буд, ба ман аслан чизе намегуфт, намедонам, ки барои чӣ ин корро кардааст, ман ҳоло аз ҳамсояҳои духтарам мепурсам, ки чӣ зиндагӣ дошт, духтарамро махкам кардаанд. Куртаҳояшро бурда додам, вале наметонам, ки ӯро бубинам. Ман бовар надорам, ки ин коро мекунад, агар дар ҳақиқат ҷиноят содир карда бошад, бигузор ҷазояш диҳанд, вале фикри Бону-- набераамро мекунам, ки модарашро мепурсад.”

Бахси кушташудани хушдоман дар ноҳияи Қубодиён камсобиқа ба шумор меравад, чун дар аксар мавридҳо келинҳо ба хотири ронда нашудан аз хона, ба “ҷабри” хушдоман тоб меорад ва дар сурати тоб наовардан, фирор мекунад.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки дар навоҳии дурдаст хонаводаҳои зиёде аст, ки келину хушдоман бо ҳам созиш намекунад ва баъди сабри зиёд хонаводаҳо аз ҳам мепошанд. Бибирокия Абдуллоева, зани 30-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки соли 2011 бо ҷавоне дар ноҳияи Вахш шавҳар кардааст, мегӯяд, ки ҷанҷолҳои беасос ва муносибати хушдоман, занро аз ҷонаш сер ва ба ҷиноят тела медиҳад.

Вай мегӯяд, ки сабаби азҳампошии оилааш муносибат ва ҷангҳои беасоси хушдоманаш буда, ӯро, ки дар батнаш кӯдак дошт аз шавҳараш ҷудо кард: “Арӯс будам, ки хушдоманам бе асос ҷанг мекард, то шавҳарам манро лату кӯб намекард, ором намешуд, дар ин ҳолат зан ё худкушӣ мекунад ё ҷиноят содир менамоянд..”

Рухшона Шоимова, равоншиноси маркази вижаи созмони ғайридавлатии мавсум ба “Ғамхорӣ” дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки муносибати сарди келину хушдоман ба ҳолати рӯҳии тарафҳо таъсир мегузорад. Аммо кушта шудани хушдоман аз сӯи келинҳо ҳодисаи бенамуна аст, мегӯяд Рухшона Шоимова.

Ба гуфтаи созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳар моҳ ба онҳо то 100 зан муроҷиат мекунад, ки ки 30 дар сади онҳо бо хушдоман ё модаршӯ мушкили ҷиддӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG